Шаб буд. Ба ғайр аз шир-шириҷӯйчаи назди ҳавлӣ ягон чиз сукунати атрофро халалдор намекард. Малоҳат оҳиста азҷойи хоб хеста, кӯрпаи болои фарзандонашро дуруст намуду ба берун баромад. Табиат низ ба мисли Малоҳат гӯё мотам дошт магар, ки осмонро абрҳо печонида гирифта, ситорае намедурахшид. Малоҳат нафаси чуқуре кашида, боз ба осмон назар кард. Чанд ситораҳоро дид, ки аз паси абри сиёҳ базӯр намуддор мешуданд. Ҳарчанд ӯ дар байни ситораҳо ситораи худро меҷуст, аммо…
Он вақте, ки дар хонаи падар шабҳои тобистон бо апаҳояш болои кати рӯи ҳавлӣ рӯз мекарданду ҳар кадомашон аз байни ситораҳо ситораи худро интихоб намуда, ҳазлу шӯхӣ мекарданд. Аз ҳама ситораи дурахшонро Саодат интихоб намуда, роз мегуфт…
Саодат баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба коллеҷи тиббӣсупорида аз имтиҳони қабул хуб гузашту донишҷӯ шуд.
-Орзу дошт таҳсилашро дар Донишгоҳи Тиббӣ давом диҳад, аммо тангии рӯзгор барои ба шаҳр рафта таҳсилро давом додан имкон надод. Зеро баъди марги падар кашидани бори зиндаги танҳо ба дӯши модар буд. Модарам бо нафақаи ночизаш наметавонист маро ба шаҳр фиристад мегӯяд Саодат. Худ ба ҳамсояашон Нуралӣ, ки девор дар миён зиндаги мекарданд, баракат диҳад, ки модари Саодат Малоҳатро наздаш хонду ба сифати фаррош дар беморхона ба кор гирифт.
—Ҳамсояҷон агар маълумот медоштед фаррош нею ҳамшираи шафқат мешудед! -Гуфт Нуралӣ.
Дар ин вақт аробаи зиндагиро кашидан ба шумо осон мешуд. Охирҳозир оилаи шавҳардор базӯр рӯз мегузаронад. Барои ҳамин гапи маро гиреду монед, ки Саодат рафта дар мактаби олӣ таҳсил кунад.
Зоҳир, писари сардухтур бо Саодат ҳамсинф буданд. Доимо дар азхудкунии дарсҳо бо ҳам мусобиқа доштанд, дар саволу ҷавобе, ки муаллимон ташкил мекарданд Саодат нисбати Зоҳир бартари нишон медод.
-Фанҳои кимиё, биология ва забони русиро бештар мехонданд, зеро падар ба онҳо насиҳат карда буд, ки ин фанҳо барои ба донишкадаи олии тиббӣ дохил шудан бештар лозиманд.
-Онҳо аз муаллимашон дарсҳои иловаги мегирифтанд. Боз ба хонаи муаллим рафта ба корҳои рӯзгор ба ӯ ёри мерасонданд ва соате сабақ гирифта ҳарду ба хона бар мегаштанд.
Яке аз муаллимон қобилияти Саодатро дида ба ӯ чунин мегӯяд: Саодат ту албатта хонданро давом деҳ, ғуломи зиндагӣ нашав, дар чордевор худатро хору зор накун.
-Агар маълумот ва ҳунар дошта бошӣ, ҳама атрофиён ҳурматат мекунанд.
Аз ин суханони пандомези муаллим Саодат рӯҳу илҳом тоза гирифта бо Зоҳир ҳарду қарор доданд, ки ба Донишгоҳи Тиббии Тоҷикистон дохил шуда духтур мешаванд.
-Ман дасти дардманди модарамро табобат мекунам, -орзу мекард Саодат.
-Ман бошам ҷои падарамро гирифта сардухтур мешавам, ҳазл мекард Зоҳир.
Охир онҳо пир шуданд дам гиранд…
Рӯзе Зоҳир ҳамроҳи падараш ба шаҳр барои супориданиҳуҷҷатҳояш роҳсипор гашта пеш аз сафар ба ҳавлии Саодат рафта мехост бо дӯсташ хайру хуш кунад…
-Саодат бори дигар фикр кун, биё якҷо ба пойтахт меравем илтимос ганҷи донишро ҳайф накун, охир на ҳама чунин босавод ҳастанд.
Зоҳир ту медонӣ, ки ин хоҳишро ман ҳам дар дил дорам аммо афсӯс, ки … Аз худат ҷои пинҳон нест аз як тараф дасти норасо аз тарафи дигар модарам танҳо.
-Саодат то поёни қишлоқ Зоҳир ва амаки Нуралиро гусел карду то омадани автобус дудила шуда, ба Зоҳир менигарист. Зоҳир бо падараш дар автобус нишастанду автобус ҳаракат кард. Вале Саодатҳамоно дар ҷое, ки буд аз қафои онҳо нигоҳ мекарду мегирист. Баъд оҳиста-оҳиста ба хона баргашт.
Пагоҳи Саодат чун ҳама рӯза ҳавлиро тоза рӯфт. Модари Саодат ягона гови ҷушоиашро берун аз дарвоза бароварда, ҳамроҳи подаиқишлоқ, ба тарафи чарогоҳ равон карду дар вақти бозгаштан дар сари қишлоқ бо ҳамсояашон холаи Майсара дучор омада, аҳволпурси кард.
—Ҳама мегӯянд, ки дирӯз Саодат аз пушти бачаи сардухтур сару пои луч гиря карда, то поёнии қишлоқ рафтааст? Тавба кардам Худоё… эҳтиёт шавед, духтари бепадар боз шарманда накунад!
Холаи Малоҳат (модари Саодат) қаҳролуд ба сӯи холаи Майсара чашм ало карду ҳеҷ чиз нагуфта ба хонааш баргашт ва ба ҳавлӣдаромадан замон:
-Очаҷон чой дам кардам, ширбиринҷҳам тайёр шуд гуфта, Саодат модарашро ба наҳори кардан даъват намуд.
-Саодат духтарҷонам бисёр ғам махӯр, духтури калон нашудӣ, духтури хурд мешавӣ. Ана дар маркази ноҳия коллеҷи тиббӣкушода шудааст. Дар он ҷо дохил шуда касб меомӯзӣ. Ман ҳам бехавотир аз гапу калочаҳои бемаънии бардурӯғи мардум мегаштам.
Афсӯс орзуҳои Саодат амали нагаштанд. Ва сабабгори ҳамаи ин Фирӯз буд, ки баъди адои хизмати ҳарбӣҷавони қоматбаланди хеле зебо шуда буд. Ҳар рӯз пеши роҳи Саодатро гирифта:
-Саодат ин қадар духтари зебо шудаӣ. Қаду қомати мавзун ва чашмони меҳрогинат маҷнунам кард. Бароят чи кор кунам, ки тарафи ман нимнигоҳ мекунӣ? – гуфта гап мезад. Аз ин рӯ Саодат ба суханони фиребу манманиҳои Фирӯз аҳамият надода роҳашро давом медод. Фирӯз дид, ки бо ин роҳ дили Саодатро ёфта наметавонад, хоҳиши бо Саодат буданро пеши падару модараш иброз кард.
Падару модар аз гуфтаи писарашон бисёр хушҳол буданд. Зеро оилаи Саодатино дар қишлоқҳам чун як оилаи намунавӣ шинохта мешуд. Волидайни Фирӯз амаки Миралӣ ва холаи Махфират дастархон баста, ба хонаи холаи Малоҳат ба хостгорӣ рафтанд.
-Модари Саодат меҳмонҳоро хуб пазироӣ намуд. Ҳамсояҷон мо ба даргоҳи шумо бо нияти хайр омадем гуфта, — суханро оғоз кард амаки Миралӣ ва дақиқае ба рӯи модари Саодат нигариста суханашро идома дод.
Фирӯзҷон духтари шуморо дида маъқул кардааст ва аз мо хоҳиш дорад, ки то бо Саодат хонадор шавад. Агар, ки Шумо розӣ бошед кори хайрро дар вақтҳои дур нагузаронему ба тӯй омодагӣ бинем. Хуш омадед ҳамсояҷон нури дида тоҷи сар. Ман аз омаданатон хеле шоду хушбахтам, ки Худованд духтари маро низ ба ҳамин рӯз расонад. Шумоён ӯро гуфта ба остонаи ман омадед. Аммо худатон медонед, ки ман панҷ фарзандро танҳо калон кардам. Раҳматии падарашон орзуву ҳаваси фарзандонашро надида бо ин дунё падруд гуфтанд. Ман чи ҳам мегуфтам, агар ки духтарам рози бошад, зид нестам гуфт холаи Малоҳат.
Меҳмонҳо бо табъи болида аз хонаи холаи Малоҳат баромада рафтанд. Холаи Малоҳат бошад духтарашро ба наздаш хонду дар ин бора гап кушод.
Духтарам Саодат ин меҳмонҳо хостгорҳои туянд. Фирӯз дар пеши мо калон шуд, бачаи боодоб аст, ана хизмати ҳарбиро низ адо карда омад. Агар ту розӣ боши тӯй кунем. Тарбият кардани духтари бепадар бисёр мушкил, духтарам мехоҳам бо обурӯй тӯю тамошо карда, туро хонадор кунам. Чӣ мегӯи духтарам.
-Модарҷон ҳоло ман нияти хонадор шуданро надорам, мехоҳам хонам, духтур шавам, Шумо тез-тез бемор мешавед, мехоҳам шуморо табобат кунам. Шавҳар кардан намегурезад. Охир Фирӯз ягон маълумот ё ягон касбу ҳунар надорад. Баъд зиндагии оилавиро чӣ хел пеш мебарад? Гуфта сарашро хам карда гиристу норозигиашро такрор ба такрор бо овози гиряолуд мегуфт.
Хостгорҳо бошад ҳар рӯз омада холаи Малоҳатро ба ҷону ҳолаш намемонданд. Хешу ақрабо ҳам дар байн даромада, «духтариқадрасо дар хона чӣ дошта мемонӣ, хонадор куну хотирҷамъ шин» — гӯён холаи Малоҳатро насиҳат мекарданд.
Оқибат холаи Малоҳат маҷбур шуд, ки бо Саодат ҷидди сӯҳбат намуда, аз духтараш хоҳишу илтиҷо намуд, ки ба тӯй розӣ шавад.
Модарҷон, ман ба шарте розӣ мешавам, ки ҳеҷ кас ба хондани ман монеъ нашавад.
Қудоҳо ба шарти Саодат розӣ шуданд. Бигзор хонад, ман дар хона ду келин дорам, ки аз онҳо ба келини хурди кор ҳам намемонад гуфт холаи Махфират.
Масъала ҳал шуд, ва тарафҳо ба тӯй тайёри медиданд. Ҳарчанд калоншавандагони деҳа оида камхарҷ гузаронидани тӯй ба амаки Миралӣ гуфта буданд, аммо ӯ кори худро кард…
Тӯй тӯйи ман аст, барои обрӯйи худаму писарам шуда қарз гирифта тӯйе мекунам, ки мардум ангушти ҳайрат газанд- гуфт Миралӣ дар масҷиди қишлоқ ба ҳамагон эълон кард.
Ҳафт шабу ҳафт рӯз мардуми қишлоқ, хешу табори дуру наздик, рафиқони домод тӯйхури карданд. Саодат бад аз як ҳафтаи тӯй саҳар барвақт хеста, баъди рӯбучини ҳавлӣ либосҳояшро иваз карда барои ба дарс рафтан тайёри дид. Аз сабабе, ки Фирӯз аз хоб нахеста буд, ба хушдоманаш муроҷиат кард:
-Холаҷон ба дарс меравам – гӯён, чи ба хондан рафта истодаӣ – мегӯяд холаи Махфират ба хонаи хоби Фирӯз ишора карда.
-Не холаҷон он кас хоб.
-Э тавба хоб бошад то аз хоб бедор шуданаш мунтазир шав охир вай шавҳарат, бе иҷозати ӯ ту ҳуқуқи аз ин ҳавли баромаданро надорӣ! Гуфт холаи Махфират ва ба хонаи худ даромад. Саодат мобайниҳавли ҳайрон монд, ки чӣ кор кунад.
Аз роҳаш баргашта ба хона даромад. Ба соати девории хонааш нигариста дид, ки алакай ба дарс дер шуда истодааст. Саодат шавҳарашро бедор карда мақсадашро баён кард.
-Ман зан нагирифтаам, ки дар кӯчаҳо худро ороставу тороста раваду биёяд.
Ҳаминқадар хонди бас, олима намешӣ акнун дар хона шин гӯён Фирӯз рӯяшро ба тарафи девор гардонда хоб рафт.
То тамоми рӯз Саодат аз алам месӯхт. Охир ваъдаи онҳо чӣшуд? Барои чӣ маро фиреб доданд?
Азизам фарёди диламро мешунавӣ, мешунави ки дили ман мотам дорад; мотами ҷудоӣ. Ба Худо мегуфтам ки дигар туро намехоҳам. Ба Худо қасам дигар ашки чашмонамро пинҳон карда наметавонам. Ба назарам дунё танг асту барои ман дар он ҷой нест. Оҳ ту худ ку баҳона меҷусти ман бошам худам ба ту роҳ кушодам. Охир танҳо ба ҳамин шарт ба тӯй розӣ шудам, ки хонданамро давом диҳам. Пас ман дар назди шавҳарам ва хонаводаи ӯҳеҷқадру қимате надорам? Барои чӣ хоҳиши ман барои ӯҳеҷ аст? Ин саволҳои беҷавоб диламро сӯзонданд. ӯ ба зӯр худашро нигоҳ дошт. Худдори кард. Магар ин ҳамон қуввае буд, ки зан бояд гапшунав, сархам, фармонбардор ва хомӯш бошад. Соатҳои даҳи рӯз шавҳараш аз хоб хеста наҳори талаб кард. Саодат бо рӯҳи хира ба назди Фирӯз дастархон партофт.
-Чӣқошу қавоқатро ранги абри сиёҳ овезон кардӣ ва дар рӯи ҳавли мисли зоғи сиёҳ мегардӣ. Ё ин ки мехоҳи тезтар аз ҳавли баромада хондан баҳона ҳамроҳи ҳамсабақон ба тамошо равӣ; Ё ягон кас дар назди мактаб интизор аст, ки дилат мехоҳад ба кӯча равӣ? Ҳа чӣ ранги ҳайкал шах шуда монди кани ба ин саволҳои манҷавоб деҳ.
Саодат бо шавҳараш, ки ҳамаги ба зиндагии занушавҳариашон як ҳафта шуда буд, чунин суханҳоро интизор набуд. Зеро, дар ҳафтаи аввалини зиндагӣ чунин суханҳоро шунидан осон набуд. Саодат аз шавҳараш меҳру муҳаббат ва суханони ширинро интизор буд. Аммо …
Маҳз дар ҳамин вақту соатҳо Саодат худро ба гули берангу бӯй, ки бо гузашти замон аз дасти нохалафе аз баргу бех ҷудо гардидаву ба хок ғӯтида меҳисобид. ӯ мехост дод занад, фарёд гӯяд. Вале мададгоре набуд, ки ӯро аз роҳи ноумеди умедвор кунад.
Саодат намехост, ки суханони ғазаболудаю дағали шавҳарашро шунавад ба хонаи хобаш даромад ва худро болои рахти хобаш партофту бо дарду алам ашк мерехт, ашки ҳасрат.Қатраҳои ашкаш рухи гулгунашро шорида ба лабонаш майл кард. Саодат шӯриро чашида аз ҷояш тез бархест. Қатраҳои ашки шӯр ба доманаш рехтанд. Саодат ба андеша рафт, «ана барои чӣ духтарон ва занон ашки ҳасрат мерехтаанду шӯрдоман мегуфтаанд». Саодат худро тасалли медод, ки не ӯ ашки ҳасрат намерезад, ӯҳеҷ гоҳ ашкиҳасрат рехта шӯрдоман шудани нест. Ба худ мегуфт ҳамаашро ба модарам мегӯям ва пагоҳ ба дарс меравам, хонда духтур мешавам…
Бегоҳи модараш барои Саодатро дидан бо як табақи калони самбӯса даромада омад.
Холаи Махфират ҳам:
-Биёед қудоҷон, биёед гуфта меҳмонро ба хона хонд. Уф ин қудои ман ҳар рӯз дар ҳаминҷо бо овози паст киноя мезад, холаи Махфират.
-Не қудоҷон, болои сурфа мешинем ин ҷо ҳаво тоза, баъд ман ҳам вақти зиёд надорам, корҳоям аз мӯи сарам ҳам зиёданд гуфта серкориашро баҳона кард холаи Махфират.
-Саодатро ёд кардам, духтари калон шуда буд, гуфта доим дар барам буд ишора кард холаи Малоҳат.
Акнун дур аз ман, ранги чизеро гум кардагӣ дар рӯи ҳавлӣ гаранг-гаранг мегардам. Дар дунёи ҳозира духтарро бепадар калон кардан мушкил будааст. Худоро шукр бо обурӯй тӯй кардани духтарам ба ман муяссар шуд гӯён модари Саодат бо нӯги рӯймолаш ашки чашмонашро тоза кард.
-Саодат шукргӯии модарашро дида, нахост модарашро ғамгин созад. Охир модари танҳо бо чӣ азобҳо онҳоро калон карда буд. Азбаски зани кадбону, ҳунарманд ва чевар буд, дар тамоми маракаҳои деҳа нону самбӯса, ба келину домодон кӯрпаю кӯрпача, болишту ҷома ва тоқи медӯхт. Аз ҳисоби кораш ҳар чизе, ки медоданд ба фарзандонаш дода хоршави намемонд. Ҳар бегоҳи дар касалхонаи деҳа фаррошӣ мекард. Баъзан аз он ҷо низ луқмае ба фарзандонаш меовард. Саодат ҳар гоҳе, ки барои ба модараш ёри расонидан ба беморхона мерафт, занони хилати сафедпӯшро дидаҳавасаш мерафт. ӯ мехост мисли онҳо духтур шавад.
Махфират дар пеши қудояш писарам Фирӯзҷон ба берун баро хушдоманат омадааст, — гуфта овоз баланд карда, Саодатро бо худ овард. Пас аз чанд дақиқае Фирӯз аз хона баромаду бо холаи Малоҳат аз дур бо қошу қавоқи овезон аҳволпурси карду назаре ҳам нигоҳ накарда ба берун баромада рафт. Ҳар чанд холаи Малоҳат аз ин кирдори домодаш ранҷида бошад ҳам, бо баҳонае роҳи хонаашро пеш гирифт. Баъд аз рафтани модараш, Саодат хост ба хонааш дарояд ва каме худро аз ин хонаю дар дур кунад. Лекин холаи Махфират нагузошт, ки Саодат ба хонааш дарояд. Келин о келин вақти хӯроки пешин шуд ҳозир шавҳарат гурусна меояд хӯрок тайёр кун баъд хоб мекунӣ.
-Саодат худро ба зӯр дошта барои тайёр кардани хӯрок ба ошхона рафт. Саодат худро тасалло медод, рӯзе мерасад, ки рӯзаш хуб мешавад. Ва мехост худро боз ҳам қобилу чаққонтар вонамуд кунад.
-Барои ба дили шавҳараш роҳ ёфтан хӯроки дӯстдоштаашро тайёр кард. Саодат фикр кард, ки шавҳараш омада, пас аз хӯрдани хӯрок ба Саодат суханони ширин гап мезанад аммо… Вақте, ки шавҳараш аз дар даромад, ба по рост намеистод. Ва сабаби нӯшидани шароб ба Саодат маълум набуд. Саодатро ба хона дароварда чунон лату кӯб мекард, ки паррандагон аз гиряи Саодат ба нола медаромаданд. Баъди фиғону нола ҳам модари Фирӯз ва ҳам дугонаҳояш ба хона даромада Саодатро дар ҳоли вазнине аз дасти Фирӯз раҳо карда ба беморхона бурданд.
Холаи Малоҳат дилғаш буду намедонист барои чӣ. Ва худро таскин медод, ки ҳозир аз хонаи Саодат омадам ба ӯҳеҷ чиз нашудааст гуфта бо фарзандаш хайру хуш карда, ба беморхона ба ҷои кораш рафт. Дар роҳҳама аз ҳоли Саодат пурсон мешуданд, ки хуб аст. Холаи Малоҳат ҳайрон бале хуб аст гӯён роҳро давом медод.
-Дар назди беморхона домодашу қудояшро дида ҳуш аз сараш канд.
—Ҳа қудоҷон, домод шумо дар ин ҷо чӣ кор мекунед, тинҷи аст. Ба Саодат чизе нашудааст охир?
Не-не қудоҷон ҳоли Саодат хуб фақат, ки каме сараш тоб хӯрда ба замин афтидааст. Мо дарҳол ба беморхона овардем, зиқ нашаведҳамааш хуб мешавад, агар духтаратон аз гапи писарам набарояд. Чӣ? қудо шумо чиҳо мегӯед духтари ман боодоб аст.
—Ҳа барои ҳар модар фарзандаш боодоб. Дирӯз саҳар баъд аз шумо рафтан медидед, агар шумо модараш ҳам бошед, ба тарсаки мезадед, хайрият, ки писари ман вазбин асту худашро дошт.
Эй қудо шаф-шаф нагуфта рости гапро гӯед, Саодат чӣ хатоги кард. Чӣ хатогӣ карда будааст. Мегӯяд, ки хола, аз ман хатогие гузашта бошад узр ман худам дӯстдошта дорам ба назди ҳавай меравам, агар даркор бошам ҷои зисти маро аз модарам мегиред, гӯяд намешавадмӣ.
Вой тавба кардам худоё ман чор духтар калон кардам ягонтааш нописанд набуд, ҳоло ҳам бошанд шавҳару хусуру хушдоманҳояшонро ҳурмату эҳтиром мекунанд. Эй хай шуд духтарҳои шумо ситораи дар осмон.
Аввалаш духтари ман ин хел намегӯяд ин ҳамааш тӯҳмат. Дуюмаш духтари ман ҳеҷ касро дӯст намедорад. Сеюмаш агар чунин буд аввал пурсида баъд келин мекардед. Тавба ҳамин одамҳоро ҳам фаҳмидан душвор шудааст намедонанд келинҳояшонро бо кадом баҳона ганда кунанд.
Баъд аз келин шудан онҳоям фарзанд ҳисоб мешаванд охир.
-Эй хайр ман аз ҳоли духтарам хабар гирам гӯён ба сӯи ҳуҷраи 29-ум, ки дар он ҷо Саодатро хобонда буданд рафт. Ҳоли Саодатро дида модари муштипар чунон мегирист ва бовар надошт, ки рӯи бистари бемори хобида Саодат аст.
-Холаи Малоҳат худро ба зӯр дошта мехост домодашро ҷазо диҳад. Аммо медонист, ки дар вақтҳои ҳозира бе пул ҳеҷ кор карда наметавонад.
Аз Худо зуддтар шифо ёфтани Саодатро металабиду халос. Чанд рӯзе, ки Саодат дар бистари бемори буд боре ҳам бошад аз Фирӯзу хешовандонаш дараке набуду ба имдодаш намерасиданд.
Баъд аз он Саодат ба худ омад. Вай модарашро дар болои бистараш дида, боз ҳам дарун-дарун месӯхт. Холаи Малоҳат бошад намедонист аз Саодат чи хел бахшиш пурсад. Не очаҷон ба ҳамааш худам айбдорам, не духтарҷонам ту намехости, ки ба шавҳар барои ман бошам туро маҷбур кардам. Модари гунаҳкоратро бубахш духтарам. Очаҷон ин хел нагӯед боз ман зиқ мешавам, гӯён – Фирӯз дар берун аст гуфт. Холаи Малоҳат бо овози гиряолуд ҳозир ман мегӯям, гуфта ба берун баромад.
-Ва писарчаеро барои ба беморхона омадани Фирӯз равон кард.
Фирӯз дар аввал тарсид, ки ҳозир равам маро милисаҳо дошта баранд ё дигар фикрҳои амсоли ин. Баъд аз ҷой хеста не Саодат духтари меҳрубон ҳеҷ гоҳ ин хел намекунад. Агар наравам ҳар хел фикрҳо мекунад. Ҳозир меравам аввал аз Саодат бахшиш мепурсам, ки ман маст будаму намедонистам, ки чи кор кардаистодаам.
Дигар ин хел намешавад маро бубахш Саодатҷон, бубахш.
Наход, ки набахшада! Э ман шавҳараш ку бахшиш напурсам ҳам мешавад. Ин хел ҳам намешавад. Як боз золи карда бахшиш пурсам ягон ҷоям кам намешавад ку. Э ҳарчи бодо бод бахшиш мепурсам.
Ассалом гӯён Фирӯз аз дар даромад, Саодат дид, ки Фирӯз омадааст. Аз хоб хеста салом дод ва хост, ки ба Фирӯз гӯяд, ки акнун ба он хона намеравам ва мо набояд дигар якҷоя зиндагӣ кунем. Лекин Фирӯз худро ширин карда, маро бубахш гуфта ба гиряву зорӣ даромад.
Саодати содда ба гуфтаҳои шавҳараш бовар карда, фикр кард, ки пас аз ин Фирӯз меҳрубону ғамхор мешавад.
Вақте, ки духтурон ба Саодат ҷавоб медиҳанд холаи Малоҳат мошинеро барои Саодатро ба хонааш бурдан мефармояд.
Лекин Саодат нияти бо Фирӯз рафтанро мекунад. Аз ин модари дилшикаста норози намешавад. Зеро ки доимо худро азоб медод, ки барои бадбахт шудани духтарам ман сабабгорам.
Баъд аз чанд дақиқае Фирӯз мошинеро дошта, Саодатро гирифта ба хонаашон роҳсипор мешавад.
Саодат ба хона даромаду манзараи хонаро дида хаёлҳои ғамангезе дили ӯро мефишурд. Рӯзҳо, моҳҳо аз байн мегузаштанд лек рӯзи Саодат бад мешуду хуб не ва ҳатто намегузошт, ки Саодат ба хонаи модараш равад. Ба ин ҳам тоқат мекарду аммо зиндагӣ Саодатро рӯз то рӯз лоғару фарсуда мекард. Намедонист, ки ба Фирӯз чӣшуда бошад, ки ҳар рӯз масту аласт меомаду Саодатро лату кӯб мекард. Аз ин Саодати бечора чунон мегирист, ки дар назараш аз осмон ҳамин қадар борон намерехт. Ин ашк «Ашки ҳасрат» буд.
Вақте, ки Фирӯз бегоҳ аз берун ба хона омад, Саодат дид, ки Фирӯз боз маст аст, аз фурсат истифода бурда Фирӯзро маҷбур кард, киӯро сар диҳад. Фирӯзи беҳушу хаёл намедонист, ки чиҳо гуфтаистодааст. Он вақте, ки модари Фирӯз аз пушти дар суханони онҳоро гуш мекард, ногоҳ сухани ба ту ҷавобатро додам, дигар дар ин хона набинам гуфтаи писарашро шунида, ҳуш аз сараш канд. Ва зуд ба хона даромада келинҷон наравед худатон медонед, ку писарам маст аст намедонад, ки чӣ гуфтаистодааст.
Не холаҷон шумо ба гӯши худатон шунидед, ки писаратонҷавобамро дод ва ман намехоҳам, ки қадри худро паст зада дар инҷо бимонам. Холаҷон агар ягон сухани ноҷо гуфта бошам маро бубахшед ва ба нону намаки додаатон розӣ бошед хайр ман рафтам.
Аз байн як моҳ гузашт. Дар ин миён Зоҳир мактаби олиро хатм намуда омада, дар духтурхона вазифаи духтуриро ба зима гирифта буд. Саодат, ки духтур нашуда буд мегуфт, ки ақалан дар духтурхона кор кунам гуфта модарашро намегузошт, ба духтурхона равад. Баҷои модараш Саодат ба кор мерафт.
Рӯзи аввалини кораш Саодат хост, ки рафта духтурхонаро тоза кунад. Ҳангоме, ки ҳуҷраи духтур Зоҳирро тоза мекард, ногоҳ дар кушода шуда Зоҳир ба фарроше, ки хонаро тоза мекард нигоҳ кардаҳайрон буд, ки барои чӣ бо дидани ӯ дилам ба ларза даромад.
Монда набошед хоҳарҷон гӯён Саодатро аз хаёл раҳо кард. Саломат бошед гӯён ба тарафи дар нигоҳ, карда аз забон монда, -Зоҳир ин туи ту бало будаи ман духтур мешам гуфта шӯхи мекардӣ, ана акнун ту духтурию ман як фарроши туям. Саодат барои чӣ ту инқадар ғамгини чӣ шуд. Фаҳмидам, ки хонадор шудаӣ. Эҳ иноя монҳамсинф ин ҳама як афсона буду рафт — чихел, оиладор ҳам шудам ва аз шавҳар ҳам баромадам.
Дигар ман паррандаи беболу пар. Ҳеҷ кас кор надорад. На мегӯи ки либоси шавҳарамро шӯям на хӯрокашро пазам.
Кош гапи муаллимро мегирифтам, ки ғуломи зиндагӣ намешудам. Э хай ҳамааш гузашт ту чи кор карда гаштӣҳеҷ чиз як одам кофта гаштем агар розӣ боши туро ба кор мегирам. Чӣ кор будааст инаш махфӣ агар розӣ боши баъд мегӯям. Хайр майлаш ман розӣ акнун гӯй! Эй бубахшед ҷаноби духтур маро ба кадом вазифа таин карданиед!
Агар розӣ боши ёрдамчии ман шав. Рост мегӯи Зоҳир охир ман дар ягон ҷо нахонда бошам ин чихел мешавад. Зиқ нашав Саодат ман худам ба ту кӯмак мерасонам, агар ту ба ман аз ҳамон тортҳои бомаззаат пухта биёрӣ. Майлаш мепазам. Инро ба волидайнаш гуфтан мехост. Ҳуҷраи Зоҳирро нимкола тоза карда зуд ин хабарро ба хонаашон рафта гуфт. Холаи Малоҳат ва дигар бародару хоҳарони Саодат хурсандии Саодатро дида шукргӯи мекарданд, ки боз Саодат механдад.
Саодат шаб хоб накарда борои Зоҳир торти аз ҳама болаззатро пухта саҳар субҳи содиқ роҳи духтурхонаро пеш гирифт. Дар роҳФирӯзро дидам, ки ба ҳоли ногуворе аз пуштам омада маро бубахш дигар такрор намешавад маро танҳо нагузор гуфта ба гиря даромад. Хостам аз ҷояш хезонам ногоҳ садои Зоҳир ки ҳа ёрдамчии ман омади маро нагузошт ки ман дубора ба ҳамин зиндагии сахту пуралам ворид гардам.
Торти дасти Саодатро дида ин қадар торти безебе гуфта шӯхӣ кард ва савол дод, ки ҳамин шавҳарат буд. Рафта латукӯбаш кунам. Э нейе вай худаш ҷазояшро мекашад…
Аз байн ҳафтаю моҳу рӯзҳо мегузаштанд, ниҳоят ман ба муродам расидам, хилати сафед ба бар доштаму бе ягон душворие аз ӯҳдаи вазифа мебаромадам албатта бо ёрии Зоҳир ман дар колеҷи тибби дохил шуда ҳам мехондаму ҳам кор мекардам, ва нияти дар Донишгоҳи тибби хондан низ доштам.
Мо ҳарду оила барпо намудему соҳиби фарзанд шудем ва зиндагиамон хушу осуда мегузаш ман аз ин хеле шод будам, зеро ба киштии муроди худ нишаста ҳамроҳи пайвандонам ба соҳилҳои дури зиндаги равона мегаштем.
Аммо Фирӯз аз кардааш сахт пушаймон буду оқибат аз масти ба пасти афтод.
Биандешед беҳуда нагуфтаанд, ки «Ҳафт бор чен куну як бор бур»
Сарбаланду хонаобод бошед!
Муродова Мавлуда.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев