🔸 Матни пурсиш:
Бо таваҷҷуҳ ба қоъидае ки аллома ҳафизаҳуллоҳ дар мавриди зуҳури имом Маҳдӣ матраҳ кардаанд ки зуҳури ӯ ниёзе ба иҷтимоъи ҳамаи мардум надорад ва ниёзманди иҷтимоъи шумори кофӣ аз онҳост, барои банда чанд суъол матраҳ мешавад ки ба тартиби зер аст:
1 . Оё камият ва кайфияти ин шумори кофӣ барои эшон маълум шуда ё илми он назди Худост?
2 . Оё дар замони хулафоъи гузашта ин шумори кофӣ вуҷуд надоштааст? Бо таваҷҷуҳ ба инки хулафоъи гузашта дар муқотеъаӣ аз торих, неруӣ зиёде дар ихтиёр доштанд, ба таври мисол имом Алӣ дар Сиффин ҳудуди 130000 нафар, имом Ҳасан дар ҷанги бо Муъовия ҳудуди 12000 нафар, имом Ҳусейн дар Куфа ҳудуди 18000 нафар, имом Содиқ дар замони қиёми Хуросонӣ ҳудуди 100000 нафар аз Хуросониҳо ки толиби қиёми эшон буданд [дар ихтиёр доштанд], ҳатто дар замони ғайбати имом Маҳдӣ борҳо ҷомеъаи шиъа барои зуҳур мунсаҷам ва муҳаё шуд, ба таври мисол, дар замони Сафавиён интизор ва омодагӣ барои зуҳур боло буд, ба тавре ки бузургони уламои шиъа мисли Маҷлисӣ ва дигарон, замонро замони зуҳур ва Сафавиёнро заминасозони зуҳур медонистанд; Чун аксари ривоёт бо шароити замонашон мутобиқат дошт, аммо иттифоқ наяфтод. Бо ин муқаддама бифармойед ишколи кор дар куҷо буд ва костиҳо чи буд ки аъимаи аҳли байт ба аҳдофи худ нарасиданд?
3 . Оё ишколот ва коситҳои гузаштагон дар мо нест?
4 . Насли мо чи вежагии хоссе дорад ки дар онҳо набуда, дар ҳоле ки ба назар мерасад онҳо аз назари қуввати ҷисмӣ ва рӯҳӣ аз мо беҳтар будаанд? Бо таваҷҷуҳ ба сахт шудани шароит ва печида шудани авзоъ ва заъфҳои ҷинсӣ ва руҳии мо ки дар гузари замон эҷод шуда, барои фароҳам шудани шумори кофӣ аз ёроне ки мислу монанде дар адвори гузашта надоштаанд, ниёз ба илтифоти хосси Худованд ва ҳамчунин таваҷҷуҳоти хосси имом Маҳдӣ арвоҳуно фидо аст.
Аз ҳар тараф ки рафтам ҷуз ваҳшатам наяфзуд
Зинҳор аз ин биёбон з-ин роҳи бениҳоят
Дар ин шаби сиёҳам гум гашта роҳи мақсуд
Аз гӯшае бурун ой эй кукаби ҳидоят
🔸 Матни посух:
Посухи пурсишҳои шумо ба тартиби зер аст:
1 . Каммият ва кайфияти шуморе аз мусалмонон ки барои зуҳури Маҳдӣ алайҳи салом кифоят мекунанд, тобеъи бархӣ мутағаййирҳост, вале аз бархӣ ибороти ҳазари Мансур ҳафизаҳуллоҳ таъоло бардошт мешавад ки иҷтимоъи даҳ ҳазор тан аз онон ба назди эшон, метавонад кофӣ бошад; Чунонки дар паёме барои ҷамъе аз ҷавонони дӯстдорони Маҳдӣ ки аз ӯ ҳидоят хостанд, фармуд:
«Ба онон саломи маро бирасонед ва бигӯйед: Ҳонгоме ки ҳамагон ба сӯӣ рост ва чап мегароянд, шумо бар тариқати вусто устувор бимонед ва ҳангоме ки ҳамагон ба сӯӣ Зайд ва Амр мешитобанд, шумо ба сӯӣ Маҳдӣ бигаройед. Худовандро бисёр ёд кунед ва биҳиштро савдои худ қарор диҳед ва намозро дар аввали вақт барпо доред ва закотро ба аҳлаш бипардозед ва ба падару модари худ никӣ кунед ки дере бо онон нахоҳед монд ва ба маърифат амр намойед ва аз мункар боз доред ва корҳотонро сабук созед ва ҳар чи гузаштанӣ астро бигзоред ва ҳар чи бардоштани астро бардоред ва барои куч кардан ба сӯӣ Маҳдӣ омода шавед; Чароки ман ҳаргоҳ ҳамроҳонӣ кофӣ биёбам, ба сӯӣ ӯ кӯч хоҳам кард, агарчи миёни ман ва ӯ ҳафт дарё бошад. Кист ки даҳ ҳазор танро барои ман тазмин кунад то ман ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/2158/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев