* Матни пурсиш:
Аз назари аллома издивоҷи муваққат бо занони руспӣ (фоҳиша) ки мумкин аст дар тӯли рӯз бо як ё чанд мард ҳамбистар шаванд ва дар изои он пул дарёфт кунанд чист? Бо таваҷҷуҳ ба инки аксари фуқаҳои шиъа ин амалро ҳаром намедонанд, ба таври мисол оқоёни Шубайрии Занҷонӣ ва Хоманаи онро ҷойиз ва оқоёни Хумайнӣ ва Баҳҷат онро ҷойиз дониста ва низ идда нигоҳ доштанро воҷиб надонистаанд. Ба ривоёте аз аҳли байт истинод мекунанд, ба таври мисол ривояте аз имом Содиқ ки тавассути шайх Ҳурри Омулӣ дар Васоъилул шиъа ҷилди 21 саҳифаи 29 ривояти шумораи 26439 оварда шудааст.
Лутфан назари машруҳи алломаи бузургворро дар ин маврид баён кунед.
Бо ташаккур
* Матни посух:
Издивоҷ бо зани зинокор –хоҳ доъим бошад ва хоҳ муваққат– бино бар насси Қуръони карим ҳаром аст: Чунонки бо сароҳат фармудааст: «الزَّانِي لَا يَنْكِحُ إِلَّا زَانِيَةً أَوْ مُشْرِكَةً وَالزَّانِيَةُ لَا يَنْكِحُهَا إِلَّا زَانٍ أَوْ مُشْرِكٌ ۚ وَحُرِّمَ ذَٰلِكَ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ» (Нур/ 3); <<Марди зинокор ҷуз бо зани зинокор ё мушрик издивоҷ намекунад ва зани зинокор ҷуз бо марди зинокор ё мушрик издивоҷ намекунад ва он барои мӯъмин ҳаром аст>>. Бо ин васф, ривоёте ки бар ҷавози чунин коре далолат доранд бар ҷавози издивоҷ бо зане ҳамл мешавад ки илм ба зинокор будани ӯ вуҷуд надорад, балки танҳо гумон ба...
* Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/%D0%BC%D1%83%D1%88%D0%BE%D2%B3%D0%B8%D0%B4%D0%B0%D0%B8-%D0%BF%D1%83%D1%80%D1%81%D0%B8%D1%88/3127/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев