Тибқи гузоришҳо, кормандон дар бархе манотиқи Тоҷикистон бо баҳонаи камбуди будҷа хонаҳоро ваҷаб карда ва аз онҳо андоз меситонанд. Бадтар аз он ин аст, ки онҳо андозҳои панҷ соли ахирро якҷоя ҷамъоварӣ мекунанд ва мегӯянд, ки андозҳо дар Тоҷикистон аз соли 2015 боло рафтанд ва ин ҳама афзоиши панҷсолаи нархҳоро ҷамъ карда ва иҷборан аз сокинон меситонанд.
🔹 Ҳукумати Тоҷикистон набояд ба мардум фишор орад ва зиндагии вазнини онҳоро бинобар иҷро нашудани нақшаи андоз ва камбуди маблағ барои ҳукумат мушкилтару тахттар кунад.
🔹 Масъалаи дигар ин аст, ки чӣ гуна аст, ки бо ин ҳаҷми андозҳои аз мардум гирифташуда, ҳукумат ҳоло ҳам бо касри дилхоҳи буҷа рӯ ба рӯ аст?! Зеро бисёре аз касбҳои иқтисодии Тоҷикистон, ба мисли хароҷи роҳҳо, хароҷоти шиносномаҳои дохиливу хориҷӣ, корхонаҳои давлатӣ барои истеҳсол ва нигоҳдории ашёи хом ва бисёр касбҳои дигар, аз ҷониби оилаи Эмомалӣ Раҳмон моликият ва монополия мебошанд ва ҳеҷ яке аз онҳо андоз намесупорад. Маълум аст, ки дар ин ҳолат, фишори андоз ба мардум таҳмил шуда, аммо боз ҳам буҷаи дилхоҳ аз ин бахш таъмин карда намешавад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев