-
Бо ёди рӯзи охир дил беқарор гиряд ,
Дар интизори дидор беихтиёр гиряд.
Дар орзуи рӯяш бо чашми чор гиряд,
" Аз ҳаҷри ёр ин дил пайваста зор гиряд,
Моно,ки то ба маҳшар зору низор гиряд "
Ҳастам гадои ҳуснат, султони ман куҷоӣ?
Дунё чи ранге дорад рахшони ман куҷоӣ?
Аз ҷон маро чи ҳосил ҷонони ман куҷоӣ?
" Тангии ҳоли дардам дармони ман куҷоӣ?
Ӯ худ барад ба маргам дил з-ин димор гиряд "
Бечораву ғарибам дар олами пур аз шӯр,
Побаставу дилафгор, дармондаеву маҷбур
Раҳме намо ба ҳолам, эй шоҳи зулмату нур
" Кас не,ки то бипурсад з-ин ҳоли қалби маҳҷур,
Гоҳ афтаду бихезад ,девонавор гиряд "
Аз дидаҳои сӯзон ашки равон чу бигзашт,
Аз қалб дар бари рӯ чун новадон чу бигзашт,
Аз дарди ҷонсӯзе оҳу фиғон чу бигзашт,
" Ҷаври замон чу нештар аз мағзи ҷон чу бигзашт,
Ҳар узви дардмандон чун навбаҳор гиряд"
Чун дидаву дилу ҷон, дар тан ҳама бигиряд
Аз кардаҳо пушаймон чун ман ҳама бигиряд.
Ҳам габру ҳам мусулмон куллан ҳама бигиряд,
" Ошуфтаҳол гар шуд меҳан ҳама бигиряд,
Шамсу қамар бигиряд, абри гузор гиряд "
Дар осмон ситора бе болу пар бигиряд,
Дар роҳи васли дидор ҳар роҳгузар бигиряд.
З-ин чархи бевафое аҳли башар бигиряд,
" З-ин умри бебақое ҳар ҷонвар бигиряд,
Ку - ку занад чу мурғе бар шохсор гиряд "
Охир манол Муродӣ, аз ҷабри чархи гардон
Чун дорӣ меҳрубоне, бошад Рауфу Раҳмон,
Дар дасти ӯст ҳикмат, ҳаргиз машав парешон,
" Эй, Кавкабӣ ба қисмат тан дод ҳар мусулмон,
Бигзор рӯзи маҳшар чун навбаҳор гиряд "
-
(МУРОДИИ ХАТЛОНӢ).соли 2002
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 35
Саодатёр бошед бародари азиз.
Ин дидахо намонад,бо ёди ёр бигиряд.
Чун абри гузар лаҳзае борида гузаштӣ,
Гуё ба сарам сад ғаме корида гузаштӣ
Гул кард зи ишқат дилу ночида гузаштӣ
" Бисёр маро дидаву нодида гузаштӣ,
Дар хеш нағунҷидаву болида гузаштӣ "
Бо сеҳри ду чашмони сиёҳ карди гирифтор
Бар қомати дилфиреби худ шефтаи зор
Гаштем туро бо ивази ҷон харидор
" Кушти ҳама ангезаи дилро чу гунаҳкор
Аз дарду ғами ошиқӣ тарсида гузаштӣ "
Дар ишқи рухат дидаву дил дӯхта будам
Аз шавқи висолат чу алав сӯхта будам
Сад ақлу ҳушам баҳри ту бифрӯхта будам
" Дар роҳгузарат пораи дил рехта будам,
Фарёд,ки нодидаву ночида гузаштӣ "
Дил дода ба ту эй басо дил бохта буданд
Дар синаи хеш хонаи ғам сохта буданд
Аз пушти ту чун аспи давон тохта буданд
" Бисёр туро хоста нашнохта буданд,
Хуш- хуш ҳамаро хуш написандида гузашти"
Гарчанд ту гулғунчаро дар бар нагирифтанд,
Ҷуз пушти дарат пушти дигар дар нагирифтанд.
Сӯхтанд ба пои ту вале сар нагирифтанд,
" Карданд бас...Ещё***МУХАММАС БАР ҒАЗАЛИ (У) ЛОИҚ***
Чун абри гузар лаҳзае борида гузаштӣ,
Гуё ба сарам сад ғаме корида гузаштӣ
Гул кард зи ишқат дилу ночида гузаштӣ
" Бисёр маро дидаву нодида гузаштӣ,
Дар хеш нағунҷидаву болида гузаштӣ "
Бо сеҳри ду чашмони сиёҳ карди гирифтор
Бар қомати дилфиреби худ шефтаи зор
Гаштем туро бо ивази ҷон харидор
" Кушти ҳама ангезаи дилро чу гунаҳкор
Аз дарду ғами ошиқӣ тарсида гузаштӣ "
Дар ишқи рухат дидаву дил дӯхта будам
Аз шавқи висолат чу алав сӯхта будам
Сад ақлу ҳушам баҳри ту бифрӯхта будам
" Дар роҳгузарат пораи дил рехта будам,
Фарёд,ки нодидаву ночида гузаштӣ "
Дил дода ба ту эй басо дил бохта буданд
Дар синаи хеш хонаи ғам сохта буданд
Аз пушти ту чун аспи давон тохта буданд
" Бисёр туро хоста нашнохта буданд,
Хуш- хуш ҳамаро хуш написандида гузашти"
Гарчанд ту гулғунчаро дар бар нагирифтанд,
Ҷуз пушти дарат пушти дигар дар нагирифтанд.
Сӯхтанд ба пои ту вале сар нагирифтанд,
" Карданд басе дуд вале дар нагирифтанд
То бӯи дили сӯхта нашнида гузаштӣ "
Маҳрум бишуд чашми дил аз дидаи шодӣ
То нахли ҳаёти маро бар бод бидодӣ
Дар шавқи рухат сад диле куштӣ чу Муродӣ
" Чун наҷми парон шӯълакашон бол кушодӣ,
Аз тори сари мардуми хобида гузаштӣ "
(МУРОДИИ ХАТЛОНӢ). соли 2002.
Чун дорӣ меҳрубоне,бошад Рауфу Раҳмон...
Бахри дустон азизи.
Ту ки калби пок дори,
Дар дили мо чо дори.
Аз ташрифат шод гаштам.
Як ҷаҳон сипос!
Дар интизори дидор беихтиёр гиряд.
Дар орзуи рӯяш бо чашми чор гиряд,
" Аз ҳаҷри ёр ин дил пайваста зор гиряд,
Моно,ки то ба маҳшар зору низор гиряд "
Саломату сарбаланд бошед!