Предыдущая публикация
Қалби ороме надорам, шеър иншо мекунам,
Бо қалам то мурғи дилро аз қафас во мекунам.
Гар надорам мисли Фарҳод бозувони пурқуват,
Дар раҳи ишқ Бесутунро мисли дарё мекунам.
Гум шудам дар кӯчаи пурпечутоби зиндагӣ,
Шояд, ин пайроҳаро аз шеър пайдо мекунам.
Онқадар хоҳам, ки бинвисам, шавам чун пири шеър,
Сад дилеро гӯиё бо шеър барно мекунам.
Ҳарфи ман гар худнамоист,чун бувад маъзур дор,
Чунки мақсад орзуи сайри боло мекунам.
Гар надорам боли парвоз дар раҳи армони дил,
Бо хаёли рангбори худ таманно мекунам.
Эй Муродӣ ғамгусоре бар дилам пайдо нашуд,
Аз қалам, аз коғазу аз шеър пайдо мекунам.
(Муродии Хатлонӣ).2016. с
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 9
Халоватбахштару шоди аст инчо.
Машин андар хароботу назар кун.
Гузар кун бин,ки ободиаст инчо...
Бо хаёли рангбори худ таманно мекунам.
Муродии Хатлонӣ