Ғарибони раҳи дур аз Ватанро,
Худоё дар паноҳи худ нигаҳ дор.
Ҳамон мурғони дур аз ин чаманро,
Худоё дар паноҳи худ нигаҳ дор.
Барои зиндагонӣ гашта маҷбур,
Ки аз хоки Ватан рафтанд ҳаме дур.
Бикун осон барошон зистанро,
Худоё дар паноҳи худ нигаҳ дор.
Заноне,ки муҳоҷир гаштаанд чанд,
Ки дур аз хонаву аз чашми фарзанд.
Ҳама он гулрухони ёсумонро,
Худоё дар паноҳи худ нигаҳдор.
Ба мулки Рус равад навхонадоре,
Нагашта сер аз дидори ёре.
Фиғони булбули дур аз чаманро,
Худоё дар паноҳи худ нигаҳ дор.
Чу бинам муйсафеде мардикор аст,
Барои ризқ ғарибу хору зор аст.
Ҳама пиру ҷавони ин Ватанро,
Худоё дар паноҳи худ нигаҳ дор.
Муродӣ менависад баҳри ёрон,
Барои он ғарибу мардикорон.
Тамоми ошиқи назму суханро,
Худоё дар паноҳи худ нигаҳ дор.
(Муродии Хатлонӣ).04.09.2016. с
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 97
Ҷой бигзинӣ ҳамеша дар замири хосу ом.
Ман Амирӣ мекунам пеши Худоям ин дуъо,
То Муродӣ ҳам бимонад дар паноҳи Ҳақ мудом.
Ба хакки модарони зору махчур
Ба хакки Яъкуби дилоби фарзанд
Ба хакки он Муродии сухансанч
Ба хакки нолаи Пайдовари мо
"Худое дар панохи худ нигахдор"
ҷони ҷонӣ, эй Муродӣ?. Саропо шеъри
ту ишқасту пандаст, Ба дилҳо
меҳрубонӣ, эй Муродӣ. (Виру Алиев)
Ҷой бигзинӣ ҳамеша дар замири хосу ом.
Ман Амирӣ мекунам пеши Худоям ин дуъо,
То Муродӣ ҳам бимонад дар паноҳи Ҳақ мудом.
Чун қадам бигзоштӣ бар саҳфаи хоконаам,
Марҳабо гӯяд Муродӣ бо дуъову сад салом
Сарфарозист дӯст будан бо Амирӣ баҳри мо,
Субҳи идрокаш кушояд ақлҳо аз банди шом.
(МУРОДИИ ХАТЛОНӢ)
(Амирӣ)
Бо накӯён ҳамнишинӣ дуру гавҳар оварад ,
Дӯстӣ бо марди ҷоҳил сактаи сар оварад.
(МУРОДИИ ХАТЛОНӢ)