Ё Раб, назаре кун ба дили зори Муродӣ,
Саршори ғамаст синаи афгори Муродӣ.
Сар то қадамам ғӯтида бар домани исён,
Тарсам, чи шавад оқибати кори Муродӣ.
Бо лутфу карам роҳе намо сӯи наҷотам,
Чунки набувад ҷуз ту мададгори Муродӣ.
Бо рӯи ниёз омадаам пеши дари ту,
То сози қабул тавбаву изҳори Муродӣ.
Эй Холиқи пок , оинае соз диламро,
Равшан бинамо гавҳари дидори Муродӣ.
Ҷуз ту натавонад касе бедор намояд,
Аз хоби гарон қалби гунаҳкори Муродӣ.
Ҳар гоми маро ҷониби даргоҳи худат бар,
Гар мунҳариф*аст пояи рафтори Муродӣ.
Бар ҳамду саноят бикушо банди забонам,
Ё қуфл бизан қолабу гуфтори Муродӣ.
Бе ёди рухат заррае ҳам қадр надорад,
Бар кишвари дил ҳарфи гуҳарбори Муродӣ
(МУРОДИИ ХАТЛОНӢ).08.02.2017.
мунҳариф* - аз роҳи рост баромада.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев