Предыдущая публикация
Аз қафои тобуташ сад дод гуфтанҳо чӣ суд.
Ҳолате,ки зинда буд қадраш накардӣ нохалаф,
Санги бе ҷон дар сари гӯраш гузоштанҳо чӣ суд.
Солу моҳҳо хоб буд бемор нарафти диданаш,
Ин замон болои хокаш по ниҳоданҳо чӣ суд.
Хост боре то бубини қомати хамгаштааш,
Рӯ ба сӯи хонааш акнун давиданҳо чӣ суд.
Севу ҳафту чилу солаш ин ҳама беҳуда аст,
Мисли каргас рӯи хонаш ин париданҳо чӣ суд.
Даст ба сӯи он Худо бардору умре зора кун,
Тавба дар даргоҳи ӯст аз ину аз онҳо чӣ суд.
Ту яқин дон қарзи фарзанд ин дифоъи волидайн,
В-арна аз ин будани мову ту дар дунё чӣ суд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев