Шахс ба ҳар нияте, ки бошад онро дармеёбад. Агар шахсе барои Худо ва Расули ӯ ҳиҷратро ният кунад, ҳиҷрати ӯ барои Худо ва Расули ӯ мебошад. Агар шахсе барои мол ё барои никоҳи зане ҳиҷрат намояд, пас ҳиҷрати ӯ ба ҳамин ният бошад». (Ривояти имом Бухорӣ ва Муслим) Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармудааст: «Аломати мунофиқ се аст: Ҳангоми сухан гуфтан дурӯғ мегӯяд, чун ваъда кунад вафо намекунад, ва дар амонат хиёнат мекунад». (Ривояти имом Бухорӣ ва Муслим) Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармудааст: «Ба ҳар ҷои хайре, ки шуморо даъват карданд, даъватро иҷобат намоед». (Ривояти имом Бухорӣ ва Муслим). Аз модари муъминон Оиша (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармудааст: «Душмани Худо касест, ки дар вақти хусумат шиддат дошта кина варзад» (Ривояти имом Бухорӣ ва Муслим) Аз Анас (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармудааст: «Оё медонед, ки иззаҳ чист? Суханчинӣ ва сухани мардумро ба якдигар расонидану фасод намудан байни мардуро иззаҳ мегўянд». (Ривояти имом Бухорӣ ва Муслим). Аз Нуъмон ибни Башир (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармудааст: «Аз Худованд битарсед ва адолатро дар ҳаққи фарзандонатон пеша намоед». (Ривояти имом Бухорӣ ва Муслим). Аз Нуъмон ибни Башир (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармудааст: «Аз оташи дӯзах парҳез намоед ва дар роҳи Худованд хайрхоҳӣ (садақа) кунед, агар чӣ ба нисфи хурмо бошад. Агар тавони инро надоред бо сухани хуш бо мардум муомила намоед». (Ривояти имом Бухорӣ ва Муслим). Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармудааст: «Ҳафт чизест, ки боиси ҳалокати шумост, аз онҳо бипарҳезед: Ширк овардан ба Худованд, сеҳру ҷоду намуданд, ноҳаққ касеро ба қатл расонидан, судхӯрӣ, моли ятимонро хӯрдан, аз майдони ҷиҳод гурехтан, занони муъмин ва покдоманро ба зино тўҳмат намудан». (Ривояти имом Бухорӣ ва Муслим)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 3