🔸 Матни пурсиш:
Чаро ҳазрати Алӣ қотилони Усмонро муҳокима накард?
🔸 Матни посух:
Қотилони Усмон тафсилан барои Алӣ шинохта шуда набуданд то ононро муҷозот кунад ва иҷмолан низ бештари муҳоҷирон ва ансор аз асҳоби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам муттаҳам ба мушорикати мустақим ё ғайри мустақим дар қатли ӯ буданд; То ҷойе ки аз Абу Саъиди Худрӣ нақл шудааст ки ҳаштсад нафар аз ононро дар қатли ӯ ҳозир медонист[1] Ва аз Ҳошим ибни Утба ибни Абӣ Ваққос нақл шудааст ки дар муъаррифии қотилони ӯ мегӯяд: «إِنَّما قَتَلَهُ أَصْحابُ مُحَمَّدٍ وَ أَبْناءُ أَصْحابِهِ وَ قُرّاءُ النَّاسِ حِينَ أَحْدَثَ الْأَحْداثَ وَ خالَفَ حُكْمَ الْكِتابَ»; «Ҷуз ин нест ки асҳоби Муҳаммад ва фарзандони асҳобаш ва қориёни мардум ӯро куштанд, ҳангоме ки бидъатҳо барсохта ва бо ҳукми Қуръон ба мухолифат пардохт». Ба илова садҳо нафар аз мусалмонони хашмгин ки ба ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/2633/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев