Табассум кун, машав ғамгин, фақат шукри саломат кун.
Тасаллои дили худ кун, агар бадтинате ранҷонд,
Ба кунҷи хилвате бошу Худоро зикру тоат кун.
Тихимағзу даханбадбу дилатро гар сиёҳе кард,
Ҷавобашро мадеҳу як нафас сабреву тоқат кун.
Маранҷ аз ҳар ҷаҳолат дил , матарс аз ҳайбату ваҳмаш,
Ба одоби мусалмони,ба роҳи ҳақ, шафоат кун.
Агар ё хушкмағзе, хушкдимоғе обрӯят рехт,
Гуноҳтро Худо резад, машав ғамгин, ибодат кун.
Агар номарду беномус ва бенанге ҳақорат кард,
Надоди бар ҷавобаш муштро,худро маломат кун.
Ба нохунҳои лафзаш дилхароше гар харошид дил,
Ба гулгаште бирав, аз буи гул дилро табобат кун.
Агар сангиндиле санги мусибатро ба сӯят зад,
Бидон,ин кори Аллоҳ аст, бирав хайру саховат кун.
Машав ғамгин ,Басири, умри беҳосил равад рузе,
Машав дилдодаи дунё, фақат фикри қиёмат кун.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1