Худо гӯ ҳар саҳар ҳар шоми Аллоҳ.
Ҳама аз вай бувад Ӯро парастам.
Таваккал бар Ҳайи Алломи Аллоҳ.
Гурез аз ҷумла ҷонибӣ Худованд.
Рам аз ҷумла бишав ту роми Аллоҳ.
Ҳамеша Дӯст танҳо Ҳақтаолост.
Каромат дорӣ дон икроми Аллоҳ.
Ҳамеша ҳамду саҷда офаринҳо.
Зи ҷумла бар шаҳи Қассоми Аллоҳ.
Дуруди бо саломи мо ҳамеша.
Ба онки омадаш Пайғоми Аллоҳ.
Дарин умре ки чун барқаст вақташ.
Мадеҳ аз даст ту Исломи Аллоҳ.
Агар сар то абад дар саҷдайи вай.
Гузори ҳам надодӣ воми Аллоҳ.
Нафас додат ҳама додат бияндеш.
Бидон ту ҳурмати инъоми Аллоҳ.
Ту ҳар ҳарфи варо хурдак маяндеш.
Ду олам ҳаст дар як Ломи Аллоҳ.
Майи ангӯру гандум хамри расвост.
Ҳамеша маст шав бо ҷоми Аллоҳ.
Худо аз гуфтайи расвост безор.
Бувад шарму адаб ороми Аллоҳ.
Бузургӣ хоҳӣ зикри Ҳақ намо беш.
Ҳама Анқо занад дар доми Аллоҳ.
Ба ҳар қатра туро баҳре бубахшад.
Бишав модом бо модоми Аллоҳ.
Бузургандеш Аллоҳ гӯ бӯ Аллоҳ.
Туро доим расад илҳоми Аллоҳ.
Мархабо дустон ба гурухамон пайваст шаветон>> http://ok.ru/group/54470440780021
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2