🔸 Матни пурсиш:
Чигуна метавон олимро миёни уламои як замон шиносойи кард?
🔸 Матни посух:
Шинохти олим, мутаваққиф бар истиқроъи томми олимон ва иҳота ба илми онон аст ки ҷуз барои Худованд мумкин нест ва аз ин рӯ, шинохти олим, танҳо бо руҷӯъ ба Худованд ё руҷӯъ ба касе мумкин аст ки аз ҷониби Худованд хабар медиҳад; Ҳамчунонки, бани Исроъил ба Паёмбари худ руҷӯъ карданд ва ӯ Толутро ба унвони олим муъаррифӣ кард ва фармуд: ﴾إِنَّ اللَّهَ اصْطَفَاهُ عَلَيْكُمْ وَزَادَهُ بَسْطَةً فِي الْعِلْمِ وَالْجِسْمِ﴿[п/1]; «Ҳаройина Худованд ӯро бар шумо баргузид ва дар илм ва ҷисм фузунӣ дод»; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки олими олимон, халифаи Худованд дар замин аст ва ӯ ҷуз бо нассе аз ҷониби Паёмбар ё нишонае аз ҷониби Худованд шинохта намешавад, балки олими олимон пас аз ӯ низ танҳо бадин сон шинохта мешавад. ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/4095/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев