🔸 Матни пурсиш:
Оё гуфтани «Ашҳаду Анна Алиян Валиюллоҳ» дар азон, онро ботил мекунад? Уламои шиъа онро ҷузъе аз азон намедонанд, вале аз он наҳй ҳам намекунанд ва истидлолашон ба ояи 55 сураи Моъида аст. Оё ҷаноби Хуросонӣ дар ин бора бо онон мувофиқ аст?
🔸 Матни посух:
Тардиде нест ки Алӣ ибн Абӣ Толиб валии Худованд аст, вале азон ибодати хоссе аст ки Худованд ва Паёмбараш онро ташриъ кардаанд ва барои касе ҷойиз нест ки чизеро бар он бияфзоянд, агарчи он чизи фий ҳадди нафс ҳаққ бошад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:
«سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ قَوْلِ الشِّيعَةِ فِي الْأَذَانِ: <أَشْهَدُ أَنَّ عَلِيًّا وَلِيُّ اللَّهِ>، فَقَالَ: بِدْعَةٌ، ثُمَّ قَالَ: إِنِّي وَاللَّهِ لَأَعْجَبُ مِنْ قَوْمٍ يُنَاقِضُونَ أَنْفُسَهُمْ عَلَى كُلِّ مِئْذَنَةٍ! قُلْتُ: وَكَيْفَ ذَلِكَ؟ أَصْلَحَكَ اللَّهُ، قَالَ: يَشْهَدُونَ أَنَّ عَلِيًّا وَلِيُّ اللَّهِ وَهُمْ يُخَالِفُونَهُ فَيُؤَذِّنُونَ بِمَا لَمْ يُؤَذِّنْ بِهِ! وَاللَّهِ مَا كَانَ عَلِيٌّ يَقُولُ هَذَا فِي أَذَانِهِ وَلَا يَأْمُرُ بِهِ»; «Аз Мансур дар бораи сухани шиъа дар азон пурсидам ки мегӯянд: <Ашҳаду Анна Алиян Валиюллоҳ>, пас фармуд: Бидъат аст, сипас фармуд: Ман ба Худо савганд дар шигифтам аз гурӯҳе ки бар сари ҳар манорае (иддаъои) худро нақз мекунанд! Гуфтам: Чигуна ин корро мекунанд? Худованд коратро сомон диҳад, фармуд: Шаҳодат медиҳанд ки Алӣ валии Худованд аст, вале бо ӯ мухолифат мекунанд, пас ба гунае азон мегӯянд ки ӯ нагуфтааст! Ба Худо савганд инро дар азони худ намегуфт ва ба он амр намекард!»...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1403/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев