ﺑﺴﻢ ﺍﻟﻠﻪِ ﺍﻟﺮّﺣﻤﻦ ﺍﻟﺮّﺣﯿﻢ Алҳамдулиллаҳ, боз ба моҳи мубораки Рамазон расидем, ки ин моҳ моҳи ибодат, моҳи баракат, тавбаву истиғфор мебошад. Дар ин моҳ, шахси рузадор аз тамоми гуноҳҳо ва зуҳуроти баду мазмума пок мешавад. Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) дар фазилат ва аҳамияти ин моҳ чунин фармуданд: «Ай мардум, моҳи Худо ҳамроҳи бо баракат, раҳмат ва мағфират ба шумо руй овардааст. Ин моҳ дар назди Парвардигор, бартар аз ҳаммаи моҳҳо, рузаш бартарини рузҳо, шабаш беҳтарин аз ҳама шабҳо ва соаташ беҳтарин соатҳо аст. Дар ин моҳ, ба суи меҳмонии Парвардигор фарохонда шуда ва aҳли каромати ҳазраташ гаштаед. Нафасҳоятон дар ин моҳ, ба ҳиcoби тасбеҳ, хобҳоятон ибодат, амалҳоятон қабул ва дуъоҳоятон пазируфта мешавад. Пас бо ниятҳои дуруст ва дилҳои пок аз Худои Таъоло бихоҳед, ки шуморо ба рузадоштани ин моҳ ва хондани китобаш муваффақ дорад, зеро маҳрум касе аст, ки дар ин моҳи бузург аз омузиш бе баҳра монад.
НИЯТИ РУЗА
(Арабӣ):
Ва лисавми ғоддин мин шаҳри
рамазонал лази фаризатан
навайту.
(Тоҷикӣ):
Ният кардам рузаи моҳи
шарифи Рамазон аз субҳи
содиқ то фуру рафтани офтоб.
----------------------------
ДУЪОИ ИФТОР
(Арабӣ):
Аллоҳумма лака сумту ва бика
аманту ва ъалайка таваккалту
ва ъала ризқика афтарту
бироҳматика я арҳамар
роҳимин.
(Тоҷикӣ):
Парвардигоро барои розигии
Ту руза доштам ва бар Ту
имон овардам ва бар Ту
таваккул кардам ва бар ризқи
додаи Ту ифтор кардам.
------------------------------
ТАСБЕҲИ ТАРОВЕҲ ДАР МОҲИ
РАМАЗОН.
Субҳана зил мулки вал
малакут, субҳана зил ъиззати
вал ъазомати вал қудроти вал
кибрияи вал ҷабарут, субҳанал
маликил ҳаййил лази ла янаму
ва лаямут.
Суббуҳун, қуддусур роббуна
ва раббул малаикати варруҳ.
Ла илаҳа иллаллоҳу,
настағфируллоҳ, ва нас-алукал
Ҷанната ва наъузу бика минан
нар.
-----------------------------
ТАСБЕҲИ ТАРОВЕҲ ДАР ДАҲАИ
АХИРИ МОҲИ РАМАЗОН.
Субҳанал ҳаннанил маннан,
субҳанал маликид даййян, ал
маъруфи бил иҳсан вал
мавсуфи бил ғуфрон.
Алвадаъ, алвадаъ, я шаҳрор
Рамазон.
Алфироқ, алфироқ, я шаҳрот
таровиҳи ват тасабиҳи ва
хатмил Қур'ан.
Аввалуҳу роҳматун ва
авсатуҳу мағфиротун ва
ахируҳу ъитқун минан нирон.
Ла илаҳа иллаллоҳу
настағфируллоҳ, ва нас-алукал
Ҷанната ва наъузу бика минан
нар.
-----------------------------
ﺑﺴﻢ ﺍﻟﻠﻪِ ﺍﻟﺮّﺣﻤﻦ ﺍﻟﺮّﺣﯿﻢ
Алҳамдулиллаҳи роббил
ъаламин, вассолату вассаламу
ъала росулиҳи Муҳаммадин ва
алиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин.
Рамазон моҳи нузули Қур'он,
моҳи кушода шудани дарҳои
раҳмати Худованд ва моҳи
оғози нузули ваҳ ба Ҳазрати
Муҳаммад (Саллаллоҳу
ъалайҳи ва саллам) Паёмбари
бузурги Ислом мебошад.
Дар ин моҳ фариштаи ваҳӣ
Ҷабраили Амин (А.с.) ба
расонидани каломи зоти
азалии Худованд ба замин амр
шуд ва дасти навозиши У ба
кумаки бандагонаш дароз
гардид.
«Рузаи (моҳи Рамазон) бар
шумо фарз гардонида шуд,
ҳамон гуна, ки бар
гузаштагони пеш аз шумо
фарз гардида буд, то ба
василаи он тақво (ва худсозӣ)
намоед!».
(Сураи Бақара: ояти 183)
«Касе (дар моҳи Рамазон)
суханони дуруғ, амал кардан
ба он ва ҷаҳолатро тарк
накунад, Худо ҳеҷ ниёзе ба
тарки хурдан ва нушидан -
рузаи вай надорад!».
(Саҳеҳи Бухорӣ: 1903, 6057)
Рамазон моҳи нузули баракот
ва боз шудани дарҳои
раҳмати Худованд мебошад.
Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу
ъалайҳи ва саллам)
мефармоянд:
«Вақте моҳи Рамазон фаро
расад, дарҳои Биҳишт (ба руи
бандагони хоҳишманд)
кушода ва дарҳои оташ фуру
баста мешаванд ва дасту пои
шайтонҳо низ баста
мешаванд».
(Саҳеҳи Бухорӣ: 1898, 3277.
Саҳеҳи Муслим: 2492 (1079)-1)
(Ҳадисро аз Абуҳурайра (Р.а.)
ривоят
кардааст)
Худованд дар ҳадиси қудсие
мефармояд:
«Ҳар амали (неке), ки фарзанди
одам анҷом медиҳад, аз даҳ
(10)-некӣ, то ҳафтсад (700)-
баробар зиёд карда мешавад,
вале руза ин барои Ман аст ва
Ман подоши онро хоҳам дод,
зеро рузадор шаҳвату
таомашро аз барои Ман тарк
намудааст.
Рузадор ду хушнудӣ дорад:
Яке дар вақти ифтораш ва
дигаре дар вақти дидори
Парвардигораш. Ҳатто буи
тағирхурдаи даҳони рузадор
дар пешгоҳи Худованд аз буи
мушк xyштар аст».
(Саҳеҳи Муслим: 2701
(1151)-164)
(Ҳадисро аз Абуҳурайра (Р.а.)
ривоят кардааст)
Пас бандаи муъмин бояд бо
истифода аз ин лаҳзаҳои
камтакрор он моҳро бо
бовари (аз руи имон) ва ба
умеди аҷру савоби Илоҳӣ
барпо дорад.
Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи
ва саллам)
мефармоянд:
«Касе моҳи Рамазонро аз руи
имон ва ба умеди аҷру савоби
Худованд барпо дорад,
гуноҳони гузаштаи у бахшида
мешаванд».
(Муттафақун ъалайҳ: Саҳеҳи
Бухорӣ: 38, 1901, 2014)
(Саҳеҳи Муслим: 1778
(760)-175)
(Ҳадисро аз Абуҳурайра (Р.а.)
ривоят кардааст)
Салмон (Р.а.) ривоят мекунад,
ки Расули Худо (Саллаллоҳу
ъалайҳи ва саллам) дар
охирин рузи моҳи шаъбон
хутбае (суханроние) эрод
намуд ва дар он аз ҷумла
фармуданд:
«Эй мардум! Инак, моҳи бузург
ва мубораке бар сари шумо
соя афканда аст.
Моҳе, ки як шабаш (шаби Қадр)
аз ҳазор моҳ беҳтар аст.
Моҳе, ки Худованд рузаашро
фарз ва қиёми шабашро
татаввуъ (нафл ва ихтиёри)
гардонидааст.
Касе дар ин моҳ хислати
некеро ба ҷой оварад,
баробари он аст, ки фаризаеро
дар дигар моҳҳо анҷом дода
бошад ва касе фаризаеро дар
он ба ҷой оварад, баробари
ҳафтод (70)-фарз дар моҳҳои
дигар аст.
Моҳи сабр аст ва подоши сабр
Биҳишт аст.
Моҳи ҳамдили ва дастгирист.
Моҳест, ки дар ризқи бандаи
муъмин афзоиш ва баракат ба
вуҷуд меояд.
Касе рузадореро дар ин моҳ
ифтор диҳад, он мағфирати
гуноҳон ва сабаби озодиаш аз
оташ мегардад ва ба монанди
он (рузадор) аҷр дода
мешавад, бе он ки аз аҷри у
чизе коста гардад».
Руза дар поксозӣ ва
парвариши бадан ҳамон
нақши закотро дар мол анҷом
медиҳад.
Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи
ва саллам) мефармоянд:
«Ҳар чиз закоте дорад ва
закоти бадан, руза аст».
(Мусаннафи Ибни Абушшайба.
- Ҷ. 2. - С. 425)
Моҳи Рамазон беҳтарин
фурсат барои иҷобати дуъо ва
орзуҳои неки шахси рузадор
мебошад.
Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи
ва саллам) мефармоянд:
«Дуъои шахси рузадор ҳаргиз
рад карда намешавад».
(Мусаннафи Ибни Абушшайба.
- Ҷ. 2. - С. 424)
Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи
ва саллам) мефармоянд:
«Ҳар касе сухан (-он)-и дуруғ
(туҳматомез ва нописанд) ва
ҳамчунин амал ба он (-ҳо)-ро
тарк нанамояд, Худованд
ниёзе ба тарки хуроку шароби
вай (яъне ниёзе ба рузаи вай)
надорад».
(Саҳеҳи Бухорӣ: 1903, 6057.
Сунани Абудовуд: 2362.
Сунани Тирмизӣ: 707.
Сунани Ибни Моҷа: 1689)
(Ҳадисро аз Абуҳурайра (Р.а.)
ривоят кардааст)
Дар ҷои дигар мефармояд:
«Эй чӣ басо рузадорест, ки аз
руза ба ғайри гуруснагиву
ташнагӣ чизе насибаш
нагаштааст ва чӣ басо
шабзиндадорест, ки аз қиёми
шабаш танҳо ҳамон бехобӣ
насибаш гаштаacт».
(Сунани Ибни Моҷа: 1690.
Сунани Куброи Насоӣ: 3249,
3333, ҷ. 2, с. 239, 256)
(Ҳадисро аз Абуҳурайра (Р.а.)
ривоят кардааст)
Табаронӣ дар Муъҷамулкабир
ҳадисе ба ҳамин маъно аз
Ибни Умар (Р.а.) ривоят
намудааст.
(13413. - Ҷ. 12. - С. 292).
Ҳамчунин он Ҳазрат
(Саллаллоҳу ъалайҳи ва
саллам) мефармоянд:
«Агар касе аз шумо рузадор
бошад, беҳудагиву ғавғо ва
дуруштӣ нанамояд.
Агар касе ҳам уро дашном
диҳад ва ё ба у ҷанҷол намояд,
ба у бигуяд:
Ман рузадор ҳастам...».
(Қисмате аз ҳадиси
Муттафақун ъалайҳ аст.
Саҳеҳи Бухорӣ: 1894, 1904.
Саҳеҳи Муслим: 2697
(1151)-160, 2700 (1151)-163.
Сунани Абудовуд, 2363. Сунани
Насоӣ, 2215, 2216)
(Ҳадисро аз Абуҳурайра (Р.а.)
ривоят кардааст)
------------------------------
Ҳамчунин мефармоянд:
«Руза танҳо аз худдорӣ аз
хурдану нушидан иборат нест,
балки он худдорӣ аз лаҳву
беҳудагӣ, бадрафторӣ ва
носазогуиро низ шомил
мебошад.
Бинобарин, касе туро (ба вақти
руза) дашном диҳад ва ё бар
ту ҷаҳл намояд, бигу:
Ман рузадорам…».
(Саҳеҳи Ибни Ҳиббон. - С. 614.
Ҳадис саҳеҳ буда, онро аз
Абуҳурайра (Р.а.) ривоят
кардааст)
(Саҳеҳи Ибни Хузайма, 1996. -
Ч,. 3. - С. 242. Исноди онро
саҳеҳ гуфтааст)
(Назари баъзе муҳаддисон, аз
ҷумла Ибни Ҳиббон он аст, ки
рузадор ин калимаро дар
ҷавоби дашномдиҳанда ва
ҷаҳлкунанда бо дил бигуяд, на
ба забон.
Вале дигарон нутқи онро ба
забон гуфтаанд, то шахси
рузадор бо эъломи мавқеъи
худ ба мухосамат ва ҷаҳли
вай поён бахшад)
Рузаи мақбул рузаест, ки
соҳиби худро ба тақвои Илоҳӣ
наздик созад.
Дар чунин ҳолат аст, ки
дуъоҳо, орзуҳо ва некиҳои
вай қабули даргоҳи Ҳақ
мегарданд.
Худованд мефармояд:
«Худованд (аъмол ва
ибодатҳо)-ро танҳо аз
бандагони ботақвои худ
мепазирад».
(Сураи Маъида: ояти 27)
Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи
ва саллам) руи ин нуқта
таъкид намуда, мефармоянд:
«Вақте касе аз шумо рузадор
бошад, ҳаргиз сухани
беҳудаву зишт нагуяд ва доду
фарёд накашад ва аз аъмоли
ҷоҳилона парҳез намояд.
Агар касе ба у дашном диҳад ё
ба ситеза (ҷанҷол) бархезад, ба
вай бигуяд:
Ман рузадор ҳастам, ман
рузадор ҳастам, ман рузадор
ҳастам, ман рузадор ҳастам».
(Қисмате аз ҳадиси
Муттафақун ъалайҳ:
«Куму амали ибни одама
лаҳу..., мебошад, ки таҳриҷи он
дар поваракии 20-ум гузашт)
Он Ҳазрат (Саллаллоҳу
ъалайҳи ва саллам) боз
мефармоянд:
«Касе, ки аз гуфтори ботил
(дуруғ ва.беҳуда) ва амали ба
он даст барнадорад, Худованд
ҳеҷ ниёзе ба худдории вай аз
хурдану нушидан надорад».
(Саҳеҳи Бухорӣ: 1903, 6057.
Сунани.Абудовуд: 2362. Сунани
Тирмизӣ: 707)
------------------------------
ФОИДАҲОИ РУЗА.
Руза дорои фоидаҳои маънавӣ,
ҷисмӣ ва иҷтимоии зиёде
мебошад.
Аз ҷумла руза:
а) Инсонро дар мактаби
(озмоишгоҳӣ) сабру шикебоӣ
ва пурбардоштӣ тарбият
менамояд.
б) Хештандори ва
худконтролкуниро ба.инсон
омузиш медиҳад.
в) Назму ҳамоҳангиро дар
миёни мардуми мусалмон
густариш медиҳад.
г) Ишқу дилбастагӣ ба адолат
ва баробариро дар вуҷуди
инсон решадор
месозад.
д) Отифаи меҳрубонию
дилсузӣ ва эҳсоси
масъулиятро дар ботини одам
бедор месозад.
ж) Шарру фасод ва разоили
ахлоқиро дар миёни мардум
коҳиш медиҳад.
з) Дастгоҳи гувориш (меъда)-
ро полоиш ва покиза
менамояд.
и) Баданро аз зиёдатиҳои
бозмонда ва русуботи
такшонгашта, ки аз
боқимондаҳои хурокӣ ва
ошомиданӣ ба вуҷуд меоянд,
пок мегардонад.
к) Фарбеҳии зиёди бадан ва
чарбиҳои таркиби онро коҳиш
медиҳад.
Расули Худо (Саллаллоҳу
ъалайҳи ва саллам)
фармудаанд:
«Руза бигиред, то
саломатиатон барқарор шавад
(ва боқӣ бимонад)».
(Муъҷамулавсат, 8312. - Ҷ. 8. - С.
213.
Ибни Синнӣ ва Абунуъаим низ
ҳадисро ривоят кардаанд.
Тахриҷи он дар поварақии 16-
ум гузашт).
л) Аз ҳама муҳимтар он аст, ки
хислати парҳезкорӣ ва поку
нек зистанро дар инсон
тақвият медиҳад, ки
муҳимтарин ҳадафи
ибодатҳои Илоҳӣ низ ҳамин
мебошад.
Ҳарчанд ҳануз ҳам фоида ва
таъсири.созандаи рузаи моҳи
Рамазон дар ҷисму ҷон, акду
нафс ва руҳиёти инсон
барои.бахши аъзами ҷомеаи
мутамаддин пушида мондааст,
вале пас аз пешрафтҳои азими
илми тиб фавоиди гуруснаги
ва худдори аз хурдану
нушидан дар муддатҳои
муайян барои ҳама маълум
гаштааст.
Ҳатто баъзе табибон ва
докторон дар.кишварҳои
пешрафта онро ба унвони
муассиртарин методи
табобати қабул кардаанд.
------------------------------
Худованд дар ин моҳи
муборак ба ҳаммаи мову
шумо сабр, қувват ва тавфиқу
имони комил ато фармояд,
Амин я роббал ъаламин,
Бироҳматика я арҳамар
роҳимин.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 7