Чатрҳое, ки дар масҷиди набавӣ дар Мадинаи мунаввара сохта шудаанд, намунаи беҳтарини технология иноватсионӣ ба ҳисоб мераванд. Шумораи ин чатрҳо 250 адад буда, ҳар кадоми онҳо бо қиммати 50 000 доллар сохта шудаанд. Ҳар як чатр 20 метр баландӣ дорад ва ба ғайр аз соягӣ намудан боз бо шамолдиҳакҳои махсус муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ки онҳо аз худ обу намнокӣ мепошанд. Чатрҳо дарозию паҳмиашон ҳангоми кушода будан 25,5 м. х 25,5 м. ҳастанд. Масоҳати умумии соягии зери чатрҳо ҳангоми кушода будан, 163 ҳазор метри мурабаъро ташкил менамояд. Чатрҳо ҳангому баромадани офтоб кушода мешаванд ва бо ғуруби офтоб ба сутуни пурнақшу нигоре мубаддал мегарданд. Чатрҳо аз плёнкаи фторполимерӣ сохта шудаанд, ки ба гармии сӯзон ва ба шамолҳои сахт тобоваранд ва дар ҳама гуна боду ҳаво тағйир намеёбанд. Матоъи чатр он чунон ба қувват аст, ки як нафар бо асбобу анҷомаш болои он баромада онро шусту шуй мекунад. Банда шоҳиди шустушӯи яке аз ин чатрҳо шудам ва онро ба навор гирифтам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1