Иди Саиди Қурбон ба ҳамаги муборак бошад.
_*Иди Қурбон омаду дар Макка Ҳаҷи Акбар аст. Дустонро табрик намудан суннати пайғамбар аст. Ассалому алайкум Шумо ва аҳли пайвандонатонро бо фарорасии Иди Саиди Қурбон ки иди бузург ва гироми барои мардуми шарафманди Тоҷикистони азизамон мебошад, самимона табрику муборакбод намуда, аз даргоҳи Худованди якто мағфирати гуноҳон, ҳидоят ва устуворӣ дар дин, саодатмандии дунё ва охиратро таманно менамоям. Бигзор Худованди бузург аз баракоти ин лаҳзаҳои муборак ҳамаи моро бархурдор бигардонад. Худо он миллатеро ёр бодо, Ки ҳифзи дину оин кор бодо. Муборак иди Қурбон бар касе бод, Ки соҳибмазҳабу диндор бодо Дар ин рӯзи фархунда аз даргоҳи Худованди мутаъол бароятон хонаободиву сарбаландӣ, тандурустиву фарохдастӣ, беҳтарин хушиҳои рӯзгорро орзу менамоям. Он Худованде ки дар дил нури Имон офарид, Дар шаби торик бингар моҳи тобон офарид. Теғро бар ҳалки Исмоили пайғамбар ниҳод, Баъд аз он бар муъминонаш иди Қурбон офарид. Бо таманнои амалишавии ин нияту орзуҳои нек як бори дигар ҳамаи шумоёнро ба муносибати Иди Саъиди Қурбон табрик менамоям!!!*_
ҳадисҳо ва қиссаҳои исломи. ✍️
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 4