Чӣ чиз миёни ту ва миёни каломи Илоҳӣ монеа мебошад, чаро барои ҳифзи он талош намекунӣ?
Шахсони куру нобино онро ҳифз намуданд ва тифлакони хурдсол онро азбар карданд пиронсолон дар айёми пирӣ низ онро ҳифз намуданд, магар ману ту аз ин ҷамоа дида заифтарем?
То кай онро ҳаҷр (раҳо, тарк) мекунӣ?
Модоме, ки қалбат тапиш дораду ҷон дар рамақ ҳаст дер нашудааст фурсат ҳаст ба тиловату ҳифзи он азму ирода намо, кам ҳам, ки бошад муҳим ҳифзи онро оғоз кун!
Зеро мақому манзалаи шахс дар ҷаннат ба андозаи донистани ӯ ояҳои Қуръон аст.
Ҳазрати Оиша модарамон (р) мегӯяд: "Дараҷаҳои ҷаннат ба андозаи ояҳои Қуръон аст, ҳар ояте, ки бештар донӣ он андоза дар дараҷаи болои ҷаннат қарор мегирӣ".
Магар ҳадафу мақсади мо аз ибодатҳо ва таҳаммули ин ҳама ранҷу сахтиҳои дунёӣ ризоӣ Илоҳӣ ва ноил шудан ба мақоми болои ҷаннат нест?!
Дӯсти гиромӣ пас мунтазири чӣ ҳастӣ?
Аз имрӯз эътиборан нақшаи ҳифзи каломи Илоҳиро рӯи даст бигир, то болотарин мақоми ҷаннатро соҳиб шавӣ!
Ҳадисҳо ва қиссаҳои исломи. ✍️
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1