Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон!
Бо камоли адаб, эҳтиром, муҳаббат ва самимият ба шумо дусти Азиз!
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва барракотуҳ.
Инак, моҳи шарифи Рамазон омадмоҳест, ки амалҳои пур аз нуқсон кардаамонро бишуем, ва дар ин моҳи муборак ҳар кас ба қадри тавони тушаи охирати худро омода мекунад.
Аз фурсат истифода бурда,
якояки шуморо бо омдани моҳи мағфират моҳи шарифи Рамазон табрик гуфта, бароятон мағфирати гуноҳро
аз даргоҳи Илоҳӣ таманно дорам.
Бигузор, ҳамеша садои дилнишини Қуръон дар хонадони мову шумо
танинандоз
бошад, хонаҳоямон бо намозҳои дили шаб нуронӣ гардад, амалҳои некамон
ҳаргиз гусаста мабод ва махсусан қалбҳоямон нисбати ҳамдигар поку беолоиш бошад.
Муждаи мунтазирон моҳи Худо омадааст,
Моҳи тасбеҳу, таровеҳу, дуъо омадааст.
Моҳи дилдодагии банда ба Маъбуд расид,
Бар сари суфраи шоҳона гадо омадааст.
«Моҳи пурбаракати “РАМАЗОН” бар ҳамаи шумо муборак бошад, азизон!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 70