Шуд тамому тӯфон шуд
Душмани Худо дар Шом
Шодмону хандон шуд
Рӯ ба рӯи Зайнаб гуфт:
Он Язиди бадкирдор
Аз шиканҷаву таҳдид
Аз хушунату озор
Рӯ ба рӯи Зайнаб гуфт:
Душмани ғазаболуд
Куштаам Ҳусейнатро
Чунки душмани мо буд
Рӯ ба рӯи Зайнаб гуфт:
Дидаӣ чиҳо кардам?
Ман сари Ҳусейнатро
Аз бадан ҷудо кардам
Духтари Алӣ, аммо
Пайрави имомаш буд
Такя бар Худо доим
Дар ҳама каломаш буд
Ӯ Язиди золимро
Бо далел расво кард
Духтари Алӣ дар Шом
Хутба хонду ғавғо кард
Посухе ба золим дод
Бо дили ҷаҳонафрӯз:
"Ҷуз шукӯҳу зебоӣ
Ман надидаам он рӯз"
Ҷумлаҳои зебояш
Маҳкаму илоҳӣ буд
Мисли партави нуре
Дар дили сиёҳӣ буд
Духтари Алӣ оташ
Бар ҳукумати ӯ зад
Ҳар касе аз он гуфтор
Панҷа бар сару рӯ зад
Духтари Алӣ номаш
Зинда асту мемонад
Пеши рӯи ман имрӯз
Ҳасту хутба мехонад
Номи поку зебояш
Буда рӯзу шаб бар лаб
Қалби кӯчакам доғ аст
Аз мусибати Зайнаб
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев