Предыдущая публикация
Бо рақибиву ҷудоӣ хуб нест.
Бо вафо ҳар лаҳзаи дунё хуш аст,
Одамонро бевафоӣ хуб нест.
Шӯҳратат боло барад гар, бо ғурур
Лаҳзае ки мефароӣ хуб нест.
Бо таваҷҷӯҳ мешавад ҳар кор хуб,
Он қадар беэътиноӣ хуб нест.
Дилрабудан хуб бо дил додан аст,
Дил надода дилрабоӣ хуб нест .
Ҳотамӣ, ҷуз хокзоде нестӣ,
Пас туро лофи ҳавоӣ хуб нест .
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 7
Бо рақибиву ҷудоӣ хуб нест."- аз ин ҳам қуллаҳои баланди шеъри сабз,фикрҳои пешқадамро фатҳ созед, додари шоири шеъру сухандон.
Бевафои ҷони ман одати маҳбуб нест