Предыдущая публикация
Меварзӣ? намеварзӣ? меойӣ? намеойӣ?
Асрори дилат имшаб пеши қадами маъшуқ,
Мерезӣ, намерезӣ дар хилвату танҳоӣ?
Эй ғофил аз ин дунё, кай дида намоӣ во?
То чанд чунин бе ишқ кӯру кари дунёӣ?
Ҳар оина меҷӯяд, ҳар оина мегӯяд ,
Роҳи ҳалу мушкилро, ту моили фардоӣ?!
Бархез ки бедорӣ оини вафодорист,
Танҳо манишин, мо шав, бегрез зи расвоӣ!
Бар ваъдагаҳи маъшуқ як бор ба поят ой!
То кай ту намемирӣ? то кай ту намеоӣ ?!
Ҳар ишқ ки меварзӣ, сад санҷишу сад ранҷиш
Дорад, ки туро санҷад бегонаӣ? Аз моӣ?
Ташбеҳи дигар бар ишқ аз ғайри парастиш чист?
Ай Ҳотамӣ, бе Маъшуқ таслими магасҳоӣ.
Ғайратҷон Ҳотамӣ
*Эзоҳ: диниву дунёӣ- ишора ба шаби Барот ва валентина аст ки баробар омад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 9