Предыдущая публикация
Гунаҳи нафси бади хеш ба номаш накунед!
Он касеро ки намонед канораш ҳама умр,
Бо ҳама ваъдаи пуч волаву ромаш накунед!
Ишқро бо ҳавасу нафс баробар кардан
Нест ҷоиз, ва ҳатто ба каломаш накунед!
Рӯзи он дил, ки намудед гирифтор ба ишқ,
Лутфан аз баҳри Худо тира чу шомаш накунед !
Аввали ишқ ба ширинӣ чу қандасту асал,
Илтиҷо дораматон, заҳр давомаш накунед!
Ишқро вожаи покиву муқаддас шумаред,
Баҳри ҳар мақсади нопок чу домаш накунед!
Он чуноне ки шурӯъ гашт ҳамон сон баред,
Бо шарфапастиву номардӣ тамомаш накунед!
Ҳотамӣ гуфт ҳамин ҷумла ба такрор зиёд,
Вожаи ишқ ҳалол аст, ҳаромаш накунед!
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 5