Предыдущая публикация
Даври ҳам бо хушӣ таҷлил кардем.
Рӯзгоре, ки бидидӣ дар умр,
Хуб арзёбиву таҳлил кардем.
Даври ҳам гуфтаву бас хандидем,
Рӯзҳои хушу хурсанди туро.
Эй басо шаҳди забонҳо кардем,
Навҷавонии пур аз қанди туро.
Модарам нақли аҷибе карданд,
Гоҳ бигристӣ, гаҳе хандидӣ.
Аз ҷавониву зи шӯру шари он,
Кардӣ гаҳ фахр , гаҳе шармидӣ.
Шоми мавлудат аҷаб хуш бигзашт,
Бо дуои падару модари мо.
Ҳайф, к-аз дурии раҳ кам буданд,
Дар сари хон ду гулхоҳари мо.
Шоми мавлуди накӯят табрик!
Хоҳарам, умри ту хуш боду дароз!
Каму ғам кош набинӣ, Ҳамида!
Бигзарӣ хуш зи ҳама шебу фароз!
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 7