Предыдущая публикация
Андаруни таронаҳои дигар.
Зиндагӣ мекунад ба хотири ту,
Мурғи дил рӯйи лонаҳои дигар.
Бе ту з-ин даҳр гарчӣ дилгирам,
Зиндагӣ гарчи бе ту яксон аст.
Зиндаам, боз зиндагӣ дорам,
Гарчӣ бар лаб расида ин ҷон аст.
Эй хазонкарда навбаҳорамро!
Кай маро навбаҳор меорӣ?
Ранҷ беҳад ки додаӣ, пас кай,
Шодии бешумор меорӣ?
Эй ҳанӯзам нарафта аз ёдам!
Ман туро боз орзу дорам.
Нестӣ, нестӣву ҳоло ҳам,
Дар ҳама ҷой ҷустуҷӯ дорам!
Бар намагардӣ ҳеҷ, медонам,
Мисли шодии барнагаштаи ман.
Мунтазирам вале ҳанӯз, афсӯс,
Бозгашти туро, гузаштаи ман.
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 3