Предыдущая публикация
Бохтам хеш ба сад бору ба як бор набохт.
Дард, ошӯб, ғам, андуҳ, фиғон, ночорӣ,
Рӯ ба рӯ, аз паси ҳам доду паёпай бигудохт.
Сабза ҳарҷо зи ҳазинӣ нигаристам хушкид,
Ҳеҷ оина дигар акси ҳазинам нашинохт.
Ақл бо ин сари шӯрида дигар ёр нагашт,
Ҷисм табони ҳама айби диламро пардохт.
Сохтам бо ҳама ранҷу ғами олам бе ту,
Лек бо Ҳотамӣ ин олами вайрона насохт.
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 13
Аз мо рухи зарду чигари пора талаб
Агар.
Дарду андух, гаму шоди, фигон ночори!
Оина , ахсанту хамд Худо
Ҳама ашъори ту, ободгари ин вайронагиҳост!
Қаламатон ҳамеша бурро бодо набераи аслии Бобои Рӯдакӣ)!