Предыдущая публикация
Ба сони побазанҷир дар ғарибӣ.
Ба ёди модари ширинзабонам,
Ҷавон будам, шудам пир дар ғарибӣ.
Дилам дар сина дорад беқарорӣ,
Чунон гаштам нафасгир дар ғарибӣ.
Бишуд рӯзе, ки дӯстон ҷон супурданд,
Нагаштам ҳолнозир дар ғарибӣ.
Дуоям кун ҳамеша, Модари зор,
Чунин аст амру тақдир дар ғарибӣ.
Дилам хоҳад қарини ёр бошам,
Валекин дурам охир дар ғарибӣ.
Ғарибӣ дарди сахту бедаво аст,
Ки нест ҳеҷ кор ҳозир дар ғарибӣ.
Ғарибе гуфт рӯзе бо Парешон,
Ки; "Ҷонам гаштааст сер дар ғарибӣ!"
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 44
"Во гарибо во гарибо во гарибо во гариб "!
Гарибонро наку дору маёзор.
Сахар хестам дари хона бикшодам,
Бидидам як чавоне хуфта бемор.
Сарашро бар сари зону ниходам,
Лабонашро бибусидам падарвор.
Бигуфтам, эй чавон асл аз кучои?
Бигуфто асли ман аз шахри Булгор.
Агар афтад гузорад суи Булгор,
Магу чуз мурданам зинхор-зинхор.
Хамон модар маро бо ноз парвард,
Хамон падар кашидаст ранчи бисёр.
Бародар бишнавад, гамхор гардад,
Бигиряд хохари мискини ман зор..
Озорҳо кашеда, бисёр дар ғарибӣ.