Сухан армуғони Худо, воситаи изҳори ҳиссу ҳаяҷони фикр, инчунин, воситаи мукаммал намудани тафаккур ва фарҳанги инсонист. Инсон маҳз бо афкор ва баёни худ аз дигар махлуқи зинда фарқ мекунад. Аз ин гуфтаҳо мебарояд, ки инсон хушбахттарин халқшуда дар рӯйи ҷаҳон будааст. Инак, саволҳои бисёр андешаро фишор медиҳад. Магар сухангӯйӣ одоб дорад? Одоб ва маданияти сухангӯйӣ чӣ гуна бошад?
Бале, сухагӯйӣ одоб ва маданияти худро доро буда, ҳини суҳбат дониш, заковат ва хислатҳои одамонро метавон фаҳмид. Одоби сухан дар ҷойи мувофиқ, беғалат, пурмазмун, бо овози паст баён кардани фикр аст. Сухани нарму зебо аҷоиб сеҳр дошта, шунавандаро чун оҳанрабо ба худ мекашад ва дилҳоро тасхир менамояд. Сухани зишт, баръакс, дилхарош буда, шунавандаро аз худ дур менамояду маданияти инсониро паст:
Забоне, ки андар сараш мағз нест.
Агар дурр биборад, ҳамон нағз нест.
Риояи одоби сухан ин дурӯғ нагуфтан, сухани касеро набуридан, худро таъриф накардан, пургӯӣ набудан аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев