Предыдущая публикация
Аз риштаи меҳри худ ҳаргиз накунӣ канда
Мо гарчи хатокорем, саргашта-гунаҳкорем
Умед ба ту дорем, бо ҳолати шарманда
Аз зулм дилам танг аст, атроф, ки сад ранг аст
Дар Ғазза кунун ҷанг аст, рафтаст зи лаб ханда
Хоҳем наҷот аз ту, ҳам роҳи ҳаёт аз ту
Дар олами шуру шар аз куфри физоянда
Имону амал хоҳем, дурӣ зи халал хоҳем
Ширини асал хоҳем, бахшоӣ нигоранда
Дар давру замони худ, ҷӯем нишони худ
Номе ба ҷаҳони худ бо меҳнати арзанда
Зикри ту ба лаб доим, аз субҳ ба шаб доим
Дорем талаб доим, моро ту бигир банда
Маҳмадрауфи Маҳмадиёр
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 13
Худо ёру мададгоратон бошад