Чаро ҳарфи Худоро ҷустуҷу нест,
Чаро бо ҳарфи ширин гуфтугӯ нест.
Бародар бо бародар рӯ ба рӯ нест,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.
Зану мардему ё пиру ҷавонем,
Ҳама меҳмони ин кӯҳна ҷаҳонем.
Агар сад соли дигар зинда монем,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.
Ҳазорон сарвату давлат бубинем,
Гурусна чун фақире дона чинем,
Ба охир мо ҳама зери заминем,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.
Агар боши фалон ибни фалони,
Ки охир сар ба хоки тира мони,
Аё банда макун асло калони,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.
Ба давлат одаму соҳиби моли,
Ҳамеша зиндаги кун бо ҳалоли,
Дар охир мерави ту дасти холи,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.
Ҳамеша соҳиби дунё Худо аст,
Ба дунё ман-мани кардан хато аст,
Зи Ҳоким ин суханҳо як нидо аст,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.
Ҷаҳон аслан аз они мову ту нест!
Мы используем cookie-файлы, чтобы улучшить сервисы для вас. Если ваш возраст менее 13 лет, настроить cookie-файлы должен ваш законный представитель. Больше информации
Комментарии 21
Узр овардему гуфтем: Худо мебахшад..
Охир ин бахшишу ин авфу каромат то кай ..?!
Ӯ раҳим аст, вале нангу хиёнат то кай..?!
Бахшише ҳаст, вале қаҳру азобе ҳам ҳаст..
Ой мардум, ба Худо рӯзи ҳисобе ҳам ҳаст...
Не ҷониби инсонҳо, бар сӯи само гӯед.
Як гӯш шунид асрор, садҳои дигар огаҳ,
З-ин рӯ зи сири ботин бар гӯши ҳаво гӯед.
Чун хаста шудем аз ғам, аз торикиву мотам,
Аз савти рубоби дил, аз созу наво гӯед.
Ҷое, ки муҳаббат ҳаст, ишқ ҳасту рафоқат ҳаст,
Аз кинаву бадхоҳӣ пайваста чаро гӯед?
Бар таскини ғамдида чун марҳами дарди ӯ
Бо нармиву ғамхорӣ як ҳарфи даво гӯед.
Аз лаънату аз дашном суде нарасад, ёрон,
Беҳ аст, ки Худо гӯед, беҳ аст, ки дуо гӯед...
Обод бошен баракот биёбен
Таққсирҳои рафта ба хидмат қазо кунем.
Бе мағз буд сар, ки ниҳодем пеши халқ,
Акнун фурӯтанӣ ба дари Кибриё кунем.
Дорулфано кирои мараммат намекунад ,
Биштоб то иморати дорулбақо кунем.
Дорушшифоӣ тавба набастаст дар ҳанӯз,
Ҳар дарди маъсият ба тадорук даво кунем.
Рӯй аз Худо ба ҳар чӣ кунӣ ширки холи аст ,
Тавҳиди маҳз к-аз ҳама рӯ дар Худо кунем.
Ки ин роҳро ҳазорон хатар аст .
З-ин умри кам дар ҳазар бош ,
Ки бассо ин дунёро ҷангу ҷадал аст.
Биё эй дуст бар ҷисми худ нанозем,
Ки ба охир ин ҷисмҳо зери хок аст.
Дар бандагии худ мусаллаҳ бошем
Ки он охиратро иқоби сахт аст.