Аз қадимҳо гуфтаанд,ки духтар моли мардум аст,духтар бегона ва писар аз худ аст.Вақте,ки дар хонаи Падар аст,ҳар лазҳа ба духтар гушзад мекунанд,ки ту чандруз дар ин хона меҳмон ҳастӣ,хонаи аслии ту хонаи шавҳарат ҳаст....
Беҳтарин мактабҳои олӣ ва либосҳо ҳамааш барои писарон аст,ба баҳонаи ин,ки духтар моли мардум аст...!
Билохира рӯзе ба "хонаи асли"-и худ ,яъне ба хонаи шавҳар мераванд,аммо оё воқеан хонаи шавҳар хонаи аслии худи занҳост...?
Агар ҳаст,пас чаро бо андактарин ҳарф шавҳар дасти занро гирифта ва аз хона берун мекунад,ки баргард ба хонаи Падарат;ин хонаи ту нест...!
Хонае,ки солҳо зан дар онҷо зиндагӣ кард,ҷойе,ки барои гарм нигоҳ доштанаш худро сӯзонд, хонае,ки ба ҷуз чаҳор деворе набуд ва зан онро як хонаи воқеи сохт,тамоми умри худро ба хотири он хона сипари кард,аммо рӯзе аз он хона берун андохта мешавад .Ин хона ҳам хонаи зан нест ,магар ин,ки барои мондан дар ин бояд ҳар навъи хушунатро таҳаммул кунад.
Бар мегардад хонаи Падар: Хонае,ки хотироти хуши кӯдакӣ аз онҷо дорад ...Хонае,ки баъд аз хонаи шавҳар уммеди зан дар онҷост,аммо дигар ин хона мисли қабли аз зан нест...
Боз ҳам ҳамон ҳарфҳоро мешунавад,ки духтарам ин хонаи ту нест...Хонаи ту хонаи шавҳарат аст,ту бо пироҳани сафед рафтӣ ва бо порчаи сафед аз онҷо берун меойи,мо иззату обрӯ дорем мардум дар мавриди мо бад мегӯйянд ,номи моро доғдор макун ,баргард хонаи шавҳарат...!
Пас хонаи зан куҷост?
Оё зан хонае дорад? Оё зан ҷойе дорад? Ки дар он эҳсоси амният кунад ва муҳаббатро таҷриба кунад ?...
Оё зан ба ҷойе тааллуқ дорад???
Оё ҷойе ба зан тааллуқ дорад???
Фикрхоятонро перомуни ин саволхо баён кунед!...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев