Предыдущая публикация
Ягона шахсе, ки Сезар ба ӯ бовар дошт ин дӯсти табибаш буд. Бар замми ин агар ӯ бемор мешуд танҳо аз дасти ҳамин табиб дору мехӯрд.
Рӯзе Сезар аҳволаш бад шуд ва худи ҳамон рӯз мактуби беимзое ба дасташ расид дар он нависта шуда буд: "Аз дӯсти наздикат табиб эҳтиёт бош. Вай ба ту заҳр нушондан мехоҳад." Баъди чанд вақте табиб омада ба ӯ дору дод. Сезар мактубро ба ӯ доду то мактубро хонда шудани ӯ тамоми доруҳоро нӯшид.
Табиб аз тарс шах шуда гуфт:
- Амир, баъди мутолиаи ин чӣ гуна тавонистед аз дасти ман ҳамаи доруҳоро нӯшед?
Сезар гуфт:
- То аз вафодории дӯст шубҳа кардан марг беҳтар аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев