Аз он мавзӯъҳои тасаввуфӣ ва мавзӯъҳои худодӯстие, ки Аҳмад Зоҳир мехонад, медонед шириниаш дар чӣ ҳаст? Дар он аст, ки талқин намекунад, таъкид намекунад, ки ман аз тасаввуф мехонам, таъкид намекунад, ки ман муноҷот мехонам, таъкид намекунад, ки ман наът мехонам. Садои ӯ мегӯяд, ки Худо чӣ гуна зебост! Пайғамбари Худо чӣ қадар бузург аст! Бубинед, насиби инсон чӣ гуна аст! Як хондани холисона!...
Аҳмад Зоҳир ман гуфта наметавонам, ки сароянда ҳаст. Ман гуфта наметавонам, ки Аҳмад Зоҳир як ҳунарманд аст. Ман гуфта наметавонам, ки Аҳмад Зоҳир як оҳангсоз аст. Ҳар қадаре, ки аз даргузашту реҳлати Аҳмад Зоҳири биҳиштӣ мегузарад, аз мушоҳидаи холисонаи зиндагӣ мебинем, ки маҳфиле, ки Аҳмад Зоҳир дар рӯзгори воқеияшон доштанд, он маҳфил рӯз ба рӯз васеъ мешавад, густурда мешавад рӯз ба рӯз, ба мисли як ҳолаи маҳтоб, соат ба соат васеътар мешавад дар айёми мо. Шахсан барои ман Аҳмад Зоҳир кӣ ҳаст, чӣ қадр дорад?
Шахсан барои ман Аҳмад Зоҳир як мӯҷизае будааст ва ҳаст, ки ман ӯро фосилаи беш аз як моҳ фаромӯш карда наметавонам. Ман овозхонҳои дигарро ҳам дӯст медорам, гӯш мекунам. Аммо нашудааст, ки ҷои садои Аҳмад Зоҳирро дар ҳамон дастгоҳе, ки ман тарона гӯш мекунам, садои овозхони дигаре дар тӯли як моҳ гирифта бошад. Ин аст, ки ман чанд муддат пеш эҳсосоти хешро ба риштаи назм кашидам.
Ин пораи шеър аз он эҳсосоте ҳаст, ки гумон мекунам танҳо барои шахси ман хос нестанд. Ин эҳсоси тамоми аъзои ин маҳфил аст. Маҳфили Аҳмад Зоҳир мисли худи Аҳмад Зоҳир ҷовидон мемонад. Ҳунари ин мард як ҳудуд надоштааст. На ҳудуди миллӣ, на ҳудуди фирқавӣ, на ҳудуди забонӣ. Як сарҳаде надорад, ки ба хотима бирасад.
Дуруди ҷони мо, бар ҷони ҷонҳо, Аҳмади Зоҳир,
Дуруди ҷонии ин ташанҷонҳо, Аҳмади Зоҳир.
Навоят мебарад дилро, фиғонат медарад дилро,
Равоне медамад дилро, ҳамоно Аҳмади Зоҳир.
Ҳама шириниҳои савти Ҳинду шарқиву ғарбӣ,
Ба нои Мавлавӣ бинмудаӣ ҷо, Аҳмади Зоҳир.
Ин воқеан ин як мӯҷизаи Аҳмад Зоҳир аст. Аз ҳанҷараи Аҳмад Зоҳир рангҳову тобишҳои Ҳинду Шарқу Ғарб ба ин гуна ҷамъ мешаванд, ки ба монанди садои нои ҳазрати Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхии Румӣ барои ҳамагон фаҳмо мешаванд. Воқеанин як мӯъҷиза ҳаст.
Зи ишқи зиндагонӣ аз ҷавонӣ хонда, хуш хондӣ,
Илоҳо, хуш бихонӣ ҷовидоно, Аҳмади Зоҳир.
Шаҳиди ғарқаи хунро, Худоё, ғарқи раҳмат кун,
Насибат бод ҷоми антаҳуро, Аҳмади Зоҳир.
Ҳунарманд маъмулан дар бистараш, дар камолоти солмандӣ аз дунё меравад. Ин як ҳунарманде буд, ки дар сангари набарди зиндагӣ бо хуни равон аз дунё рафта буд.
Аз он мавзӯъҳои тасаввуфӣ ва мавзӯъҳои худодӯстие, ки Аҳмад Зоҳир мехонад, медонед шириниаш дар чӣ ҳаст? Дар он аст, ки талқин намекунад, таъкид намекунад, ки ман аз тасаввуф мехонам, таъкид намекунад, ки ман муноҷот мехонам, таъкид намекунад, ки ман наът мехонам. Садои ӯ мегӯяд, ки Худо чӣ гуна зебост! Пайғамбари Худо чӣ қадар бузург аст! Бубинед, насиби инсон чӣ гуна аст! Як хондани холисона!
Зи ишқи осмонӣ ҷовидонӣ то садо кардӣ,
Ту ишқи осмонӣ дода моро, Аҳмади Зоҳир.
Дуруди ҷони мо, бар ҷони ҷонҳо, Аҳмади Зоҳир,
Дуруди ҷонии ин ташанҷонҳо, Аҳмади Зоҳир.
Воқеан ташнагони зулоли танини Аҳмад Зоҳир рӯ ба афзоиш ҳастанд. Такрор мекунам онҳо ба монанди як ҳолаи густурда, домани густурдаи ӯ рӯз ба рӯз густурдатар мешавад. Дар ин қатор ҳамеша бошем, Ва илоҳо шаҳиди ғарқаи хунро Худованд аз ҷоми антаҳуро як ҷуръа насибашон карда бошад. Омин, ё Рабалъоламин!...
Назри Яздонӣ
«Рӯзгор»
HABIB SAID - НАСР - ПРОЗА https://nasriman.blogspot.com/ HABIB SAID - ЭССЕ https://iskich.blogspot.com/ Habib Said - YouTube https://youtube.com/@Habib_Said Habib Said - Telegram https://t.me/hsl53 Хабиб Саид - Рутуб https://rutube.ru/channel/26224507/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 4