Зиндагӣ пасту баланд аст ,шукри Яздон мекунем,
Умр гар ширину талх аст ,шукр аз ҷон мекунем.
Чархи гардун роҳи мо дур аз Ватан ,аз хона кард,
Чун Юсуф (а.с) дар Миср ҳастем ,ёди Канъон мекунем.
Дину оин гум накардем ,роҳи Ислом меравем,
Зикри Раҳмони Худову хатми Қуръон мекунем!
"Дустдории Ватан аз гӯшаи эмон бувад",
Панду ҳикмат аз Муҳаммад, ( ﷺ), бо дилу ҷон мекунем.
Аз Ватан аз чашм дурем, лек ба дил дар қариб,
Ёди Хатлон, ёди Хуҷанду Бадахшон мекунем.
Номи моро дар ҷаҳон аҳли Аҷам бардоштанд,
Фахр аз аҳли Аҷам, бо насли Сомон мекунем!
Мерасад рузе Ватан моро ба оғӯш мекашад ,
Ҳар ваҷаб хоки Ватанро бусаборон мекунем.
Фахр дорам тоҷикам, бо халқи тоҷик зиндаам,
Фахр бо марзи диёрам- Тоҷикистон мекунем!!!
(Дилшоди Рамазонӣ)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев