Дар ҷилди 14 – уми китоби «История рассказанное народом» чунин зикр шудааст: Иссоев Юсуф соли 1942 ба сафи Артиши Сурх даъват шуда, то соли 1943 дар омӯзишгоҳи ҳарбии № 7 - и тирандозии шаҳри Ашќобод таҳсил менамояд ва дар ҳайати фронти якуми Украина ҳамчун командири дастаи тирандозии бригадаи танкӣ дар муҳорибаҳои зидди фашизм иштирок кардааст. Дар озод намудани Украина, Белоруссия, Полша саҳм гузошта, то Берлин рафтааст. Лейтенант Иссоев Ю. барои ҷасорату корнамоиҳояш бо орденҳои «Ситораи Сурх», «Ҷанги Ватанӣ» - и дараҷаи I ва II, медалҳои «Барои ҷасорат», «Барои гирифтани Кенигсберг», «Барои ғалаба бар Германия» сарфароз гардонида шудааст. Китоби «История рассказанное народом» ба таври ройгон ба Ғаниҷон Юсуфов фарзанди ҷанговари шуҷоъ дар вазъияти тантанавӣ, ки дар майдони шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании шаҳр бо иштироки ҷанговарони байналмилал, муборизони ҳифзи сохти конститутсионӣ, иштирокдорони бартарафсозии окибатҳои садамаи Чернобил ва гуруҳи ҷавонони гирандаи идрори президентӣ супорида шуда буд.
Исмоилҷон ЮСУФОВ, муовини раиси Шӯрои собиќадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр
ТАКЯГОҲИ ФАРЗАНДОН
Падарам шаҳсутуни хонадон, ќуввати дилу ҷон, илҳомбахш, маслиҳатгӯю дуогӯи фарзандон буданд. Ваќте ёди падар мекунам, суханони пурҳикмат ва меҳрубониҳояшон пеши назар омада, дилам гум мезанад. Ҳар пагоҳӣ бо дуои падару модар кору зиндагиам шуруъ мешуд. Бегоҳӣ низ пас аз дидор ва ҳолпурсӣ ба хонаҳои худ мерафтем. Бо ҳамин рафторамон онон хотирҷамъ мешуданд ва ором мехобиданд. Агар мабодо бо вазифаҳои хизматӣ бегоҳӣ дер баргардем, нороҳат шуда, тез – тез ба рӯи ҳавлӣ баромада, интизорӣ мекашиданд. Аз парешониашон баъзан сахтакак ҳушдор ҳам медоданд, ки аќалан телефон мекардем. Кунун худ ба нафаќа баромада, парешониҳои падару модарро хубтар эҳсос менамоям.
Шахси ниҳоят нозуктабиату ором ва накӯкоре буданд. Тозагиву сариштагиро дӯст медоштанд. Саҳарӣ барваќт аз хоб хеста, ба ҳавлӣ об пошида, ба ду – се сар гӯсфандҳояшон худашон нигаҳбонӣ мекарданд. Бо набераҳо баҳузур наҳорӣ карда, баъд ба кӯча мебаромаданд. Ҳамон ваќт дар маҳаллаи Тошлоќ чойхона амал мекард, бо дӯстонашон суҳбат меоростанд, шоҳмотбозӣ мекарданд. Дар чойхона «чемпион» гӯён падарамро ба бозӣ даъват мекарданд. Набераҳоро хело дӯст медоштанд, бо онҳо хушмуомила буданд.
Ёдовар мешуданд, ки баъди вафоти падарашон бо модару ду хоҳарашон мондаанд. Бинобар вазъи иќтисодии оила падарамро ба интернати давлатӣ гузаронида, таҳсилашонро он ҷо давом додаанд. Дар курси кӯтоҳмуддати муаллимтайёркунӣ таҳсил намуда, муддате омӯзгорӣ ҳам карданд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуду соли 1942 ба сафи Армияи Сурх даъват шуданд. Соли 1947 бо сари баланд ва пур аз ордену медалҳо ба Ватан баргаштанд. Фаъолияти меҳнатиашонро дар идораву ташкилотҳои гуногун давом доданд.
Дар хотир дорам, ки бо хоҳиши раиси колхози «Москва», Ќаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Энаҷон Бойматова ба шаҳри Андиҷон сафар карда буданд. Он ҷо аммаи калониам Зулфиябону бо оилаашон зиндагонӣ мекарданд. Шавҳарашон, зодаи Конибодом Мамадсидиќ Мадёров низ Ќаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, директори совхози боғпарварӣ буданд. Дар хонаи онҳо меҳмон шуда, бо раисхола ба колхоз ниҳолҳои себ, зардолу, нок, гелос оварда буданд. Замони дар ҷамоати деҳоти Пӯлодон кор карданам, колхозчиёни калонсол ин хизмати падарамро ба хотир меоварданд. Имрӯз мо фарзандон дар хонаи падар ҷамъ шуда, шукргузорӣ мекунем, ки ягон нафари мо сари баланди падарамонро хам накардем ва бо дуою насиҳатҳояшон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халќ софдилона хизмат намуда, сарбаландона ба нафаќа баромада бошем ҳам, фаъолиятамонро идома дода истодаем. Бародари калонӣ Ғаниҷон Юсуфов имсол синни мубораки 75 – солагиашонро ҷашн мегиранд. Боварӣ дорам набераву абераву чабераҳо корнамоиҳои ҷангиву меҳнатӣ, ватандӯстиву ватанпарастии бобокалонашонро эҳтиром намуда, давом медиҳанд. Умр агар вафо мекард имсол падари бузургворам ба синни мубораки 100 – солагӣ мерасиданд.
Ҳанифаҷон ЮСУФОВА
БО ПАДАР ИФТИХОР ДОРЕМ
Чун сухан дар бораи одаму одамгарӣ, сабру таҳаммул, донишу маърифат, мардонагӣ, садоќат ба Ватан меравад, пеши назарам падари азизу меҳрубони хонадонамон Иссоев Юсуфҷон меоянд. Одами ботамкину дурандеш, накӯкор, сахтгиру меҳрубон ва шукргузоре буданд. Соли 1982 ваќте ба хонадонашон арӯс шуда омадам, аз рӯзи аввал «духтарам» гӯён муроҷиат мекарданд. Он кас 1 майи соли 1924 дар ҷамоати деҳоти Пӯлодон таваллуд шуда, солҳои 1932-1941 дар мактаб – интернати шаҳрамон таҳсил намудаанд. Иди Ғалаба барои оилаи мо иди пуршукуҳтарин ба ҳисоб меравад. Тамоми олам онро чун рӯзи Ғалаба бар фашизми гитлерӣ таҷлил менамоянд. Ин рӯз рӯзи гиромидошти сесад ҳазор ҳамватанонамон, ки дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 иштирок намудаанд ва рӯзи посдории 55 миллион ќурбониёни ҷанги даҳшатноктарини асри XX мебошад. Аз Конибодом низ ҳазорон нафар ҷавонони далеру ғаюр ба ҳимояи Ватани ягонаи Иттиҳоди Шӯравӣ ба майдони набард рафтанд. Падари хонадони мо аз ҷумлаи онон буданд. Дар ќисми ҳаракаткунандаи ҷангии 202 - юми корпуси танкӣ, бригадаи танкии Фронти сеюми Украина бар зидди фашистони истилогар мардонавор ҷангидаанд. Барои шуҷоат ва мардонагӣ бо 18 ордену медалҳои ҷашнӣ, аз ҷумла бо ордени «Ситораи Сурх» ва «Барои гирифтани Кенигсберг» мукофотонида шудаанд. Фаъолияти меҳнатиашон ба ҳайси роҳбари чандин ташкилоту муассисаҳои шаҳрамон паси сар шудааст.
Ҳамасола дар рӯзи мавлудашон ҳамаи фарзандону наберагон, келинҳову домодҳо чамъ омада, он касро ёдоварӣ менамоем ва ифтихор мекунем, ки хислатҳои неки инсониро, бахусус, одаму одамгарӣ, садоќат ба Ватан, халќ ва оиларо аз он кас омӯхтем.
Мо имрӯз танҳо бо некӣ зикри хайри номи Иссоев Юсуфҷонро пеши назар оварда, набояд панду насиҳатҳои он касро фаромӯш кунем. Фарзандон, наберагон ва аберагон бояд бо идома додани хислатҳои неки падарамон руҳашонро ҳамеша шод мегардонанд. Аз падарамон барои ҳамаи моён кори неку номи некашон боќӣ мондааст. Ёдашон гиромӣ бод!
Зиндаву ҷовид монд ҳар ки накӯном зист,
К – аз аќибаш зикри хайр зинда кунад номро!
Ҳамида ЮСУФОВА, келини хонадон
Рӯзномаи “Садои Конибодом” №12 (9837) аз 6 майи соли 2024
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев