Як чавоне буд, ки падараш вафот карда, сарпарасти оилаи онхо ба души модараш гардид. Модари бечора дар хонахои хамсоягонаш кор карда музди ночизе, ки пайдо мекард онро дар фарзандонаш сарф мекард. Солхо сипари шуданд ва фарзанди калонии у, ки бисёр чавони бо одаб ва хушахлок буд, мактабро тамом карда, ба хоричи кишвар хондани рафт. Баъди гузаштани солхо сохиби диплом гардид ва ба кишвараш пас омад. Аммо одобу ахлок ва муъомилаи некеро, ки собик уро зинат медоданд, аз даст додаву ба тарзи чахонбинии дигар баргашта буд. Биноан чун модараш хост уро ба духтари шоистае хонадор кунад кабул накард ва гуфт: Ман аз хонадони сарватдорон ва зани пешрафтаеро хохам гирифт. Саранчом чунин хам кард ва чунин зан хам гирифт ва у хамрохи модараш дар як хона зиндаги мекарданд. Баъди гузаштани шашмох аз рузи туяш, рузе занашро дид, ки гиря мекард. Чун пурсидаш, ки чи вокеъ шудааст? Чунин шикоят кард: Ман аз ин бештар токати онро надорам, ки бо модари ту дар як хона зиндаги кунам. Он чавон аз модараш дар газаб шуда уро аз хонааш ронд. Модари бечора ба фарзандаш нигох мекарду мегуфт: Ай фарзандам, Худо туро некбахт кунад! Ин дуъояшро такрор карда аз хона рафт. Баъди чанде чун газаби чавон дур шуд ва хидматхои модараш ба ёдаш омад ба сурогаш баромад, вале хайхот уро дигар наёфт. Аммо занаш аз ин амали шавхараш бисёр хуш шуда фикру зикри чавонро бештар ба худ мафтун сохт ва ба хусну чамолаш мухабати модарро аз калби вай дур сохт, дигар боре хам ба ёдаш намеомад. Бо гузашти замон он чавон бемор ва дар шифохона бистари мешавад. Модараш аз бемори писараш хабардор шуда, ба шифохона омад. Хангоме мехост ба назди писараш дарояд келинаш уро истикбол гирифту гуфт: Пас рав! Писарат инчо нес! Ту аз мо чи мехохи! Аз пеши мо дур шав! Мо туро дидан намехохем! Модар ноумеду гурён пас рафт. Он чавон баъди чанде шифо ёфта ба хонааш меояд, вале аз нав боз бемор мегардад ва ба шифохона меафтад. Дар муддати бемори тулони вазифаашро аз даст медихад ва карзидор мешавад. Он дусту ошное, ки дошт хама аз вай дур мегарданд ва у ба касе дигар дар кор намешавад. Он чавон мегуяд:Дар чунин холати душвору ногувор занам рузе гуфт: Дигар дар ту на вазифа мондаву на обу ру байни мардум, ман бо ту зиндаги карданро намехохам, талокам кун! Ин бароям бисёр зарбаи шадиде буд, вале он маро ба худ овард ва ман донистам, ки ба сабаби рондани модарам инро сазовор гардидаам. Баъди ин ба чустучуи модарам баромадам ва бо кушишхои зиёд уро дар яке аз хонахои бепарасторон, ки бо хайру эхсони мардум зиндаги мекард ёфтам. Аз гиряи бисёр рангу руяш тагир хурда коматаш чанг зада буд. Вакто, ки модарамро дидам худамро ба пеши пояш партофтам ва бо овози баланд гиря кардам, ки у низ ба гиря даромада ба хам чанде гиря кадем. Сипас уро ба хона овардаму касам хурдам, ки харгиз нофармониаш накунам. Акнун якчоя бо модарам бехтарин ва некбахтарин рузхои хаётамро ба сар мебарам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 39
Муи мискинаш ба мисли шир шуд
Касе кадри Модаро надонад
Хама дунё ба у лаънат бихонад
Чу ширин аст Модар бахри фарзанд
Касе Модар надорад у бидонад !!!
Модар
дарду
гам камтар
шавад,
Гар бидони кадри Модар хок гири
зар шавад..!.