Предыдущая публикация
Сарвӣ, эй моҳ, ба қад, лек ба ораз суманӣ.
Лабу дандони ту, эй сарвқади симандом,
Беҳтар аз лаъли Бадахшониву дурри аданӣ.
Гуфтамаш шонасифат панҷа ба зулфи ту занам,
Ханда зад, гуфт: Илоҳи ба бало панҷа занӣ.
Турки ман дӯш ғазаб карду бигуфт: «улдураман»,
Гуфтам оҳиста ба гушаш, ки киро? Гуфт: Санӣ.
Кард хосияти лаъли лаби ҷонон, Шоҳин,
Тӯтии табъи маро шӯҳра ба шаккаршиканӣ.
(Шамсуддин Муҳаммад Шоҳин)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев