Предыдущая публикация
Монанди баҳори бебақо мегузарад.
Чун барфи сафеди рӯи бому дари мо,
То омадани шамси само мегузарад.
Ин зиндагӣ дар кӯчаи бадбахтии дил,
Бемазмуну берангу сафо мегузарад.
Мо аз ҳама чиз мегузарем баҳри муҳаббат,
Ишқ низ кунун зи баҳри мо мегузарад.
Дил хӯрда ҳазор ғуссаву ғамҳои ҷаҳонро,
Охир зи ҷаҳони бевафо мегузарад.
Механдаму пиндорӣ, ки хушбахти ҷаҳонам,
Аз ин сари ман донӣ чиҳо мегузарад?!
Оҳ ҷони пур аз дарду пур аз ғуссаи ман
Аз байни ҳазору як бало мегузарад...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев