Предыдущая публикация
Не фидоят ҷисми ман танҳо, ки бал «руҳӣ фидок».
Меҳри рахшон пеши зоти покат андар равшанӣ,
Ончунон бошад, ки пеши меҳри рахшон тира хок.
Чони худ хоҳам барафшонам ба хоки кӯи ту,
Ваҳ, чӣ мурдан бошад он, к-аз ҳасраташ ҳастам ҳалок.
Чун қалам сар бар хатат нанҳод, аз он маънӣ бувад,
То қиёмат сарнагуну рӯсиёҳу синачок.
Гуфтаи моро талаб марҳам, ба дафъи захми дил,
«Ё даво-ул-ҷарҳа қалбӣ айна матлубӣ сивок».
Ҳар ки уммеди шафоат аз ту дорад рӯзи ҳашр,
Андарин дайри фано-ш аз ҷурму бебокӣ чӣ бок?
Он шаҳи некон агар бошад шафеъат гам махӯр,
Фониё, ҳарчанд аз феъли бадӣ андӯҳнок.
(Алишер Навоӣ)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев