Предыдущая публикация
Лаҳзаҳои дард бар ҷои даво мехоҳамат.
Дар набарди яъс ман, ай шаҳрдури дилқарин,
Беш аз хеши қарину ошно мехоҳамат.
Шому шабҳоям ба ёди рӯйи ту тай мешавад,
Ҳар шаби зулмот чун субҳи сафо мехоҳамат.
Бо баҳои ҷони ширинам дар ин умри дурӯз
Дар бари худ як даме, ай бебаҳо, мехоҳамат.
Якравона бо тамоми ишқ то хатми нафас,
То шавӣ аз ман ҳамеша, аз Худо мехоҳамат.
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев