Предыдущая публикация
Ҳам пагаҳ ҳам рӯз ҳам бегаҳ китоби орро.
То нагардад хам сари халқат миёни халқҳо,
Пас равӣ ҳарҷо бубар ҳамраҳ китоби орро.
Дар рафи ҷевони дил дар ҷои аввал ҷой деҳ,
Гарчи мебошӣ гадо ё шаҳ , китоби орро.
Ҳар касе, ки мекунад аз худ , канори рӯзгор
Менагардад ҳеч гаҳ бераҳ , китоби орро.
Хонаи ёде, ки мо дорем дар дилҳо ниҳон,
Медиҳад сад ранг ин даргаҳ китоби орро.
Сар ба сар дар банди дунё гашта мо имрӯзҳо,
Дур аз худ кардаем оваҳ* китоби орро.
Оваҳ - Афсӯс
Манзуриддини Саид
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев