Лаб бар лабат бинҳам агар, мастам куни бе соғарӣ.
Парвонаосо мекунам аз ҳусни руят чокарӣ
"Эй чеҳраи зебои ту, рашки бутони озарӣ
Ҳарчанд васфат мекунанд дар ҳусн аз он зеботари"
Акси накуят доимо, дар пеши чашмам ҷилвагар
Дар шоми торам, махрухон, боши ба монанди қамар
Ҷӯям наёбам ҳамчу ту ёри азизу муътабар
"Ҳаргз наояд дар назар шамъе зи руят хубтар
Шамси надонам ё қамар, ҳури надонам ё парӣ"
Доим манам раҳпои ту, шояд ба наздам ойи ту
Ҳеҷам ману дунёи ту, соҳил манам, дарё туи
…
"Олам ҳама яғмои ту, халқе ҳама шайдои ту
Он наргиси шаҳлои ту оварда расми кофарӣ"
Дар кирду кори зиндагӣ, ҷоно туро санҷидаам
Гоҳо зи ту ранҷидаам, гоҳ ҳамраҳат хандидам
Гулҳо зи рӯят чидаам, аз накҳаташ болидаам
"Офоқро гардидаам, меҳри бутон варзидаам
Бисёр хубон дидаам, аммо ту чизи дигари"
Мухаммас бар ғазали машҳури “Эй чеҳраи зебои ту”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев