Предыдущая публикация
Боз як рӯз пур аз ҳилаву найранг гузашт,
Боз як шом ба алфози баду ҷанг гузашт.
Боз як рӯз ба фарёду фиғону ғаму дард,
Боз як шом ба овози дафу чанг гузашт.
Боз як рӯзи дигар шоми сияҳ гашт ба ғам,
Боз бе дард шабе бо майи гулранг гузашт.
Боз як рӯзи ҳаёти мани бесабру қарор
Бо ҳазорон ғаму андӯҳи дили танг гузашт.
Боз як рӯз ба дашному ҳақорат тай шуд,
Боз як шом ба одобу ба фарҳанг гузашт.
Боз шоми дигаре дур зи лабҳои чу қанд
Бе шакарбӯсаи маҳпораи дилсанг гузашт.
Хуллас, он ки ҳама шому саҳари умри азиз
Барҳадар, бо ғаму андӯҳ ҳамоҳанг гузашт.
Кӯҳзод Фатҳулло
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев