Предыдущая публикация
Дар шаҳри шеър бо дили хунбор гаштаам.
Аз мисраи дилам расад ҳамвора бӯйи тифл,
Аммо ба хӯи тифлиям, солор гаштаам.
Оям ба бодахонааш монанди майпараст,
Ҳарчанд аз дами дараш сад бор гаштаам.
Хушгилтаре ба дӯши дил аз ишқи ӯ куҷост?!
Бе ӯ яке будам, кунун бисёр гаштаам.
Бар марзи бекаронааш по монда дертар,
Аз пайравони Лоиқу Бозор гаштаам.
Аз шаҳри ӯ намеравам зеро, ки хонда ман
Дар мактабаш ба зиндагӣ бедор гаштаам.
М.Саид
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев