Зиндаги дар як нафас сад имтиҳонат мекунад,
Имтиҳони ҷисму ҷону шаъну шонат мекунад.
Гар наёби посухи ҳар як саволашро ҷавоб,
Сахтгир аст дар ҷаҳон бехону монат мекунад.
Зиндагони сабз аст чун сабзаи сабзи баҳор,
Имтиҳонашро диҳӣ гар сабз ҷонат мекунад.
Гоҳ гирад бо хазоне зиндаҳоро имтиҳон,
Бо заҳири зардиҳояш зард хазонат мекунад.
Хоҳи боши таҳмтан дар тинати зебои умр,
Санъати меҳри ватан пур аз тавонат мекунад.
Гар бимони як даме ғофили эъмори ватан,
Ғофили ин имтиҳон дон ломаконат мекунад.
Домани дуё гирифти гар ба дасти илму фан,
Имтиҳонатро қабул қутби замонат мекунад.
Одами бошад шариф дар домани поки шараф,
Дони гар ин имтиҳон бо шаъну шонат мекунад.
Аз тамоми шаҳдҳо ширинтарин аст ҳарфи хӯше
Диҳи гар ин имтиҳон ширин даҳонат мекунад.
Гар надони имтиҳони одаму одамгарӣ,
Довари даврон ба заҳре талх даҳонат мекунад.
Нуридин бар имтиҳони некноми деҳ ҷавоб
Дониши некноми омӯз ,некномат мекунад.
.
Нуриддини Садриддин
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев