Миёни дашти беобе ба ёди чашма гирёнам.
Гуландоме, ки орад накҳати боғи муҳаббатро,
Ҳанузам мекунад буи лабаш чоки гиребонам.
Лабам часпида бо ҳам, Марями ишқам намехонӣ?
Даме Исии кавсар то занад по дар биёбонам.
Ба санъат гаштаам дорулхати ирфону афкоре,
Зи мистарҳои мижгонаш хати зебои девонам,
Сафои ишқро донӣ Зулайхои муҳаббат шав.
Ман он Юсуф, к-андар роҳи ҳақ дар зери зиндонам.
Худоё, ин қадар хатти ҷудоӣ пуршикан ин ҷо,
Иҷозат деҳ, ки аз настаълиқи меҳраш даме хонам.
Парид аз шохи қалбам ботавозуъ, ин чӣ асроре,
Шавад то бозпас орӣ, азизамро ба паймонам.
Ман он наҳре наям ҳар лаҳза маҷрои дигар дорад,
Ман он баҳре, ки дар паҳнои меҳраш сози туфонам.
Дареғо, гулхани чашми муҳаббат мешавад хомуш,
Агар паймонаи васлаш рабуд дастони ҳиҷронам
Худоё, парчами аҳду вафоро сухтанд ёрон,
Ба ҷояш парчами аҳли хиёнат руи давронам.
Ба ҳар кас ҳабби некиро намудам туҳфае аз ҷон,
Ба ҷояш носипосиҳо бишуд инъоми эҳсонам.
Ман он Мавло, барам доди сухан то арши аълояш,
Ман он африштае донӣ, кунун бо номи инсонам.
Зи хуни ишқ дорад номае Пайдовари дилҳо,
Худоё, бо азизам ҷо намо дар боғи ризвонам.
Шараф Пайдовар Умарзода
13.12.2024.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев