Предыдущая публикация
Бинамат дар хоб, бо ту сӯҳбате он ҷо кунам.
Ҳарфҳое, ки намеғунҷад дар ин шеъру ғазал,
Як ба як бар гӯши нармат нармакак наҷво кунам.
Розҳоеро, ки аз пинҳониаш девонаам,
Ман дар он хилват бароят як ба як ифшо кунам.
Қалби дар роҳи пуразхори муҳаббатхастаро
Бар ду дасти нарми аз гул нозукат эҳдо кунам.
Меравам аз хеш, мегардам ғариби кӯи ишқ,
То ба васфат ошиқона шеъраке иншо кунам.
Гар равам аз хешу дар ин ҳиҷратам ёбам туро,
Аҳмақе бошам, агар бар омадан парво кунам.
Дидани ту охирин рафтан бувад бар Ҳотамӣ,
Ман ба худ дигар наоям, гар туро пайдо кунам.
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев