Наварӯсон дар чаман рӯ доштанд.
Мардикорӣ пешаи мардум набуд,
Бонувон шавҳар ба паҳлӯ доштанд.
То ки ороянд оламро ба меҳр,
Сарвҳо ҷо дар лаби ҷӯ доштанд.
Зеби духтар буд мӯйи то миён,
Тахтапӯпак дар сари мӯ доштанд.
Дилбаронро буд сурма зеби чашм,
Усмаи дилкаш ба абрӯ доштанд.
Бо либоси миллӣ пеши рӯйи мо,
Накҳати дилҷӯи ҳулбӯ доштанд.
Медавид ҳар кас пайи моли ҳалол,
Дар дили худ тарс аз Ӯ доштанд.
Ишқро бас обрӯи тоза буд,
Ошиқон майли сари кӯ доштанд.
Ҳеҷ кас бо шеъри кас шоир набуд,
«Шоирон табъи сухангӯ доштанд».
Боз мегӯям ба такрор ин сухан:
«Як замон садбаргҳо бӯ доштанд».
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев