Вақте яке аз малоикаҳо ибодат кардани он обиди Яҳудӣро дар ҷазираи хуш обу алаф дид, гуфт: Худоё ин бандаат ин қадар зиёд туро ибодат мекунад, пас чиқадар савобу аҷр дошта бошад? Худованд савобу аҷри он обидро ба малоика нишон дод. Малоика вақте савобу аҷри ибодати он мардро дар пеши Худованд дид, гуфт: Худоё чаро ин банда туро инқадар зиёд ибодат мекунад, аммо савобу аҷри ибодаташ дар пеши ту хело кам аст? Худованд ба малоика гуфт: ба шакли як инсон бишаву чанд рузе меҳмони он обид шав! Малаика рафта меҳмони он марди обид шуду баъд аз суҳбатҳое он марди обид гуфт: Эй кош Худованд як харре медошт, ки ман онро оварда дар хаминҷо мечарондам ва ин алафҳои зиёдро мехурд. Малак ки аз суханони он обид дар ҳайрат монда буд, гуфт: Худованд хар надорад! Марди обид гуфт: эй кош медошт, то ин алафхо намепусиданд. Дар ин ҳангом Худовад ба малак хитоб карда гуфт: ман амали инсонро ба андозаи ақлу фаҳмаш савобу подош медиҳам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев